Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси умумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14

Маҷлиси умумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14

12-07-2018, 07:54
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси умумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14

Имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақша - чорабиниҳо маҷлисҳои умумии ҳисоботиро дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ намудааст.
10 июли соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14 бо иштироки муовини раис-роҳбари дастгоҳ - Мирзоев Носирҷон, мудири шуъбаи талиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Муминов Абдумаҷид, директори Маркази саломатии шаҳрии №14, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни раёсати ташкилоти ибтидоӣ, маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни маҷлиси умумӣ ду масъала: “Дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар назди шуъбаҳои Марказ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҲХДТ” ва “Дар бораи даъвати Конфренсияи якуми ташкилотҳои ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14” баррасӣ гардид.
Маҷлиси умумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14
Дар ҷараёни маҷлис муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Мирзоев Носирҷон дар бораи ҳадафҳои минбаъдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон андешаронӣ намуд.
Маҷлиси умумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”-и Маркази саломатии шаҳрии №14
Ҳамзамон, дар фарҷом аз иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифобахш”- и Маркази саломатии шаҳрии №14 оид ба таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ истиқбол намуда, дар ин ҷода ба роҳбарияти Марказ ва ҳамзамон кулли аъзоёни ҳизб, ки дар ин иқдом саҳмгузор мебошанд, миннатдории роҳбарияти ҳизб дар ноҳияро расонид ва ба онҳо муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: