Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

САНҶИШ

2-02-2022, 09:32
Хабарро хонданд: 13275 нафар
Назарҳо: 0
САНҶИШ
Ҷавоне вориди мағоза гардида, ба соҳиби мағоза дар ивази иҷозаи истифодаи телефон маблағе дод. Мард розӣ шуд.
Соҳиби мағоза рост истода ҷавонро нигоҳ мекард.
Ҷавон рақамро ба телефон ворид намуд, занг зад ва пас аз лаҳзае телефонро аз он сўи гўшӣ ҷавоб доданд.
Ҷавон гуфт:
- Салом амакҷон! Оё ба шумо коргар лозим аст?
Мард гуфт:
- Не!
Ҷавон гуфт:
- Ман мутмаинам, ки дар боғи шумо боғбони хуб мешавам.
Мард гуфт:
- Ман коргар дорам!
Ҷавон гуфт:
- Ман барои шумо нисфи маош кор мекунам.
Мард ҷавоб дод:
- Не!
Ҷавон ба мард гуфт:
- Боғи шуморо зеботарин боғ дар маҳалла хоҳам кард!
Мард боз ҳам рад кард.
Ҷавон алоқаро қать намуда, телефонро ба соҳиби мағоза баргардонд.
Марде, ки соҳиби дўкон буд аз суботкории ҷавон дар ҷустуҷўи кор ба ваҷд омада ба ҷавон гуфт:
- Ман барои шумо дар ин минтақа кор меёбам.
Ҷавон гуфт:
- Ташаккур, ҷаноб! Ман дар назди марде кор мекунам, ки ҳоло бо ў суҳбат кардам.
Мард бо тааҷҷуб аз ў пурсид:
- Чаро вақте дар зери дасти ў кор мекунед, аз ў боз кор пурсидед?
Ҷавон гуфт:
- Ман мехостам бидонам, ки ў аз кори ман қаноатманд аст, оё ман онро пурра иҷро мекунам ё не зеро инсонҳои комил ҳамдигарро намефўрашанд!
На бо зар, на бо забон ва на бо амал...

Наргиси Назруллоҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: