Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Мушоҳида

1-06-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
Мушоҳида
Чӣ фарқ дорад!?
Ё худ фарҳанги муносибат беҳбудӣ мехоҳад

Баъд аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки 5 майи соли равон шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги шоҳигарии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда буд, вориди толор барои тамошои барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ шудем. Ба бонуи масъули танзими толор даъватномаи худро нишон дода, ҷойи нишасти худро пурсидем. Ӯ лутф карда, моро ба ҷои худ, ки дар даъватнома (қатори 12 ва курсии 28) навишта шуда буд, бурд. Дар ҷои мо се марди калонсол нишаста, бо овози баланд механдиданд. Бону ба онҳо муроҷиат карда, гуфт: - Ака шумо дар ҷои худ нанишастаед, ин ҷои ин кас аст. Мард бо садои баланд: - Хай чӣ фарқ дора, ҳамаш я стулай, браван дар дигареш бшинан, - гуфта, хандаи бемаънии худро идома дод. Аз чунин ҷавоб духтарак ҳиҷолат кашид, рӯяш аз шарм сурх шуд. Ман ин ҳолатро дида, гуфтам: - Ака, мебахшед, аз рӯйи даъватнома ин ҷои ман аст, хоҳиш мекунам, аз ҷоям хезед. Мард шарм накарда гуфт: -Ҳе неки трам барои як ҷой... Ма и билета бги ҳо дар ради дуюм бшин, тамом. Бо мегум фарқш чӣ, ҳамаш як ҷояй.
Бону дид, ки мардҳо дар тан шиму костюм ва шахси “фарҳангӣ”-намо ҳастанд ва бо онҳо баҳс фоидае надорад, моро хоҳиш кард, ки як қатор боло шинем. Мо ҳам дигар чизе нагуфта маҷбур, дудила дар қатори боло нишастем. Дудила ба он хотир, ки дар ҷои дигар шахсон нишастан хуб нест, чунки агар онҳо моро аз он ҷо хезонанд, хуб намешавад...
Баъд аз нишастан ҳамроҳи дӯстонам боз шоҳиди чанд ҳодисаи ба ин монанд шудем. Чор нафар зан бо дигар шахсоне, ки дар ҷои онҳо нишаста буданд, баҳс мекарданд. Зани нисбатан бузургсолтар хоҳиш мекард, ки ҷояшонро холӣ кунанд, аммо нафароне, ки дар ҷои онҳо нишаста буданд, аз ҷой намеҷунбиданд. Зан маҷбур шуд, ки бо садои баланди онҳоро ба нанг орад. Садои баланди занро кормандони театр шунида, давида омаданд ва онҳоро хезонда, бонувонро дар ҷои худ шинонданд.
Аз ҳама шармовараш он буд, ки зане аз Арабистони Саудӣ, меҳмон дар даст даъватнома рост меистоду марде дар ҷои вай баҳузур нишаста буд. Зан даъватномаро ба мард нишон дода, бо забони англисӣ аз ӯ хоҳиш мекард ҷойро холӣ кунад, аммо... Зан маҷбур шуд ба корманди театр барои ҳалли ин мушкилот муроҷиат кунад. Корманди театр мардро аз ҷои зан хезонда, вайро дар ҷои худ шинонд.
Чунин рафторро дида, дӯстам Рӯзибой гуфт:
-Ака, ин аст “маърифати баланд”-у “фарҳанг”-и мо. Ин амали нодурусти моро хориҷиҳо дида, ба ҳоламон механданд. Мо маърифати ба театру кино рафтану дар ҷои худ аз рӯйи тартиб нишастанро наомӯхтем-да... Афсӯс...
Дар ҳақиқат, суханони Рузибой ҷон дорад. Дар замони Истиқлолият дар кишвари мо рӯзе, ҳафтае ё моҳе нест, ки дар толорҳои кохҳои консертӣ, театрҳо, кинотеатрҳо ва дигар кохҳои фарҳангӣ консерт, намоиши театрӣ, кино ё дигар чорабиниҳои сатҳи баланд нагузарад. Шаҳрвандони мо даҳҳо маротиба ба чунин ҷойҳо рафтаанд. Бархеи онҳо ҳатто борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар чандин консерту намоишҳои театрии он давлатҳо ширкат варзида, аз наздик рафтори намунаи онҳоро дидаанд, аммо мутаасифона, то ҳол аз рӯйи тартиб дар ҷойҳои худ нишастанро наомӯхтаанд.
Дӯстам Асомиддин ҳикоя кард, ки соли гузашта моҳи май барои иштирок намудан дар консерти сароянда Афзалшоҳ Шодиев, ки дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев доир мешуд, бо арзиши 35 сомонӣ чипта харидам. Рӯзи (аз 1 то 5 май) муайяншуда як соат пеш дар он ҷо ҳозир шудам. Даромадгоҳи Филармония пур аз мардум. Онҳо якдигарро зер карда, кӯшиш мекарданд яке пештар аз каси дигаре дарояд. Аз талотуми зиёд қариб буд дари даромадгоҳро бишкананд. Ман чунин манзараро дида, дар ҳайратр афтодам. Охир ҳар яке дар дасти худ чипта дорад, ки дар он қатор ва ҷои нишаст навишта шудааст ва касе наметавонад ва ҳуқуқ надорад, ҷояшонро бигирад. Баъд аз он, ки тамоми мардум даромаданд ман ҳам чиптаи худро ба кормандони филармония дароз карда, ворид шудам. Чун анъана ман аз рӯйи чипта хостам рафта дар ҷоям шинам. Вақте ба ҷои худ рафтам дар он ҷо ҷавоне тахминан 20-25 сола нишастааст. Ман ба ӯ чиптаамро нишон дада, ба хуби хоҳиш кардам аз ҷоям хезад. Аммо ҷавон бо лафзи дурушт ба ман чунин гуфт: -Чи хелӣ ҷои ту. Мара иҷа корманди филармония даъват кардагияй. Ай ҷом намехезем, бра ба касера шикоят мекни бку. Дубора аз ӯ боисрор хоҳиш кардам... Вале бенатиҷа. Ҷавонро на бу хубӣ аз ҷой хезонда мешуд на ба дуруштӣ. Маҷбур шудам ба кормандони филармония, ки масъули ин коранд, муроҷиат кунам. Марде калонсоле ҳамроҳи ман омада, ҷавонро аз ҷои ман хезонд ва аз вай пурсид, ки: -Туро ки даъват кардааст, канӣ даъватномаатро ба нишон бидеҳ. Ҷавон сӯйи мард ба ғазаб чунин гуфт: -Кори шумо чӣ мара кӣ даъват кардагияй ё ма даъватнома дорем ё не. Мара дар кҷои фора ҳамуҷа мешинем, ҳичи кор карда наметоне. Аз суханони ҷавон, мард ба ғазаб омада, ӯро ҳамроҳи худ бурд.
-Дӯстам оҳе кашида, бо алам чунин гуфт: -Ман наздики даҳ давлати дунёро гаштаам, аммо чунин бетартибиро надидаам. Дар он ҷо аҳёнан мешавад, ки дар вақти консерт ё намоши театр бо ханда ва гуфтугӯи байни ҳам дигар тамошибинонро халал мерасонанд, вале дар ҷои касе дигар намешинанд ва барои ҷо бо ҳам даст ба гиребон намешаванд, чи тавре дар мо ба чашм мерасад. Дар мо бадии кор он аст, ки баъзе аз кормандони фалон кохи консертӣ дӯст, ҳамсоя, хешовандони худро ба ҳар роҳ (бе чипта ва даъватнома) ба консерт дароварда, дар ҷои касе дигар бо арзиши 35-65 ва ҳатто 100-150 сомонӣ чипта харидааст, мешинонанд. Андеша намекунанд, ки рафтори бади онҳо ба низоъ оварда мерасонад. Ман ёд дорам, ки солҳои пеш дар яке аз консертҳо дар Кохи борад чанд нафар барои ҷойи нишаст муштзанӣ кардаанд.
Дар кишварҳои мутараққӣ чунин бетартибиҳо тақрибан ба чашм намерасад. Шахсоне, ки ба мамлакатҳои хориҷӣ сафар кардаанд, нақл мекунанд, ки дар ин давлатҳо ҳар як нафар аз рӯйи даъватнома ва ё чипта дар ҷоиҳои муайяни худ мешинанд. Ҳангоми ворид шудан ба толор талотум ва якдигарро зер карда, намедароянд. Ҳамдигарро асабӣ намекунанд ва халал намерасонанд. Барои он ки шахс агар пеш аз намоиш таъбаш хира гардад, дигар аз намоиш ё консерт лаззат намебарад. Ин табиати инсонӣ аст.
Вақте дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия будам, борҳо ба толорҳои театру кино ва консертҳо рафта, рафтори намунавии сокинонро ҳангоми ба толори кино, театр ва консерт ворид шудан ва ботартиб дар ҷои худ нишастанро мушоҳида намуда, ангушти ҳайрат газидам. Аммо бетартибӣ ва талотумҳое, ки дар назди даромадгоҳи толорҳои консертӣ ба чашм мерасад ё ин ки бетартибона нишастанро аз тарафи мардуми мо мебинӣ, хело ғамгин гардида, ба худ мегӯӣ чаро чунин аст? Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро онҳо метавонанду мо не? Мо ҳам мисли онҳо инсонем, ақлу шуур дорем.
Ҳамин гуна бетартибӣ ва беинтизомиҳои мардуми мо ҳангоми нишастан ба ҳавопаймо ва қайд гузаштан дар фурӯдгоҳҳо ба назар мерасад. Ҳангоми бозгашт аз Русия дар фурудгоҳи Колсоваи шаҳри Екатеринбург як кори полису намояндагони гумрук ба ман сахт расид. Парвози ман аз рӯйи чипта 21 ноябри соли 2017 соати 12-00 шаб буд. Ман ба хотири дер намондан аз ҳавопаймо як соат пеш ба фурӯдгоҳ омадам. Ҳангоми интизорӣ дар толор як чизро мушоҳида кардам. Вақти бақайдгирии дигар давлатҳо (Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон, Аморати Араб ва ғайра) полису гумруки фурудгоҳ як нафарӣ истода, шаҳрвандони он давлатҳоро аз қайд бе мушкилӣ мегузарониданд. Вақте ки бо баландгӯяк духтаре бо садои хуш вақти бақайдгирии парвози Тоҷикистон-Русияро эълон кард, дар назди гузаргоҳи гумрук 4 нафар полис ва 4 нафар командони гумрук аз ду тараф рост истоданд. Ман чунин ҳолатро дида, ҳайрон шудам ва аз як полис сабаби чунин амали онҳоро пурсидам. Полис гуфт: - Барои он ки мардуми шумо навбат истодану ботартиб гузаштанро наомӯхтаанд.
Вақти гузаштан чунон ғалоғула мекунанд, ки ҳам асабҳои моро хароб мекунанд, ҳам асабҳои худашонро. Ҳар гоҳе бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад, мо кормандони ВКД-ро ғам мегирад. Агар бовар накунӣ, назорат кун. Ман ҳам дар кунҷе истода, ду соат аз бақайдгирӣ гузаштани ҳамватанони худро назорат кардам. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи гумрукӣ онҳо ҳамдигарро пахш карда, кӯшиш мекарданд, ки пештару тезтар гузаранд. Вақти гузаштан марди тахминан 45-50-сола ҳамроҳи келин ва ду набераи худ дар навбат истода, аз гузаргоҳ гузаштан мехост. Вақти гузаштан ӯро ҳамроҳи наберагонаш шахсони зиёди дар навбат буда, пахш карданд. Аз тангии ҷой нафаси яке аз наберагонаш, ки Дилшод ном дошта, гирифта, қариб аз ҳуш рафт. Ӯ ба ғазаб омада, бо садои баланд гуфт:
-Ҳой мардум, шумо куҷо саросемаед?! Охир навбат истед, дар як соат баҳузур аз қайд мегузарем. Агар шумо ҳамин хел беинтизомӣ кунед, дар ду соат ҳам гузашта наметавонем. Биёед, дар ин шаҳри бегона ин қадар худро шарманда накунем.
Мард ҳарчанд бо алам сухан мекард, аммо бенатиҷа. Мардум боз кори худро давом медоданд. Боз ҳамон дағаливу ҳамдигарро пахш кардану тела додан... Баъд аз ҳама ман бағоҷи худро гирифта, назди гузаргоҳ омадам. Вақте шиносномаи худро ба полис барои тафтиш дароз кардам, полисе, ки ман чунин рафторашонро нисбати тоҷикон пурсида будам, гуфт:
-Ба чашмони худат дида, бовар кардӣ, ки ҳамватанонат чӣ тавр гузаргоҳи гумрукро мегузаранд? Баъд аз гузаштани онҳо, ки ҳамагӣ 2 соату 30 дақиқа давом меёбад, ман ду рӯз азоби рӯҳӣ мекашам. Онҳо моро хеле зиёд хаста мекунанд.
Рафтори бади дигаре, ки ҳамватанони мо дар ҳавопаймо бештар содир мекунанд, ин нос кашидану туф кардани он мебошад. Онҳо дар таги курсиҳои ҳавопаймо ва ё журналу рӯзномаҳое, ки барои мутолиа гузошта шудаанд, даронда носкаду карда, дар он носи худро туф мекунанд. Ё ин ки дар назди дари ҳоҷатхонаи ҳавопаймо барои туф кардани нос навбат меистанд. Ҳарчанд духтароне, ки дар ҳавопаймо барои мусофирон хизмат мекунанд, аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки дар ҷойи худ нишинанд, рост истодан мумкин нест, аммо... Ҳатто бархеи онҳо аз рафтори бадашон шарм накарда, тарафи духтаракон садо баланд мекунанд.
Баъд аз суханони полис ва рафтори нодурусти ҳамватанонам хулоса кардам, ки асабӣ шудани ман нисбат ба полисону гумрукчиёни Русия беҳуда будааст. Барои он ки дар ин ҷо на гуноҳи онҳо, балки гуноҳи худи мо бештар будааст. Чунки то ҳол мо маърифату маданияти дар ҳавопаймо нишастанро наомӯхтаем ва бо чунин рафтор ба фикрам ҳеҷ гоҳ намеомӯзем. Чунки барои ин кӯшиш намекунем. Хатоҳои якбор кардаамонро аз пайи ислоҳашон намешавем. Бовар кунед, бархе аз мусофироне, ки ҳамроҳи ман ба Тоҷикистон омада буданд, 3-4 ва ҳатто 5 маротибагӣ ба Русия рафта омадаанд. Аммо рафторашон ҳеҷ тағйир наёфтааст.

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: