Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида

3-02-2022, 08:21
Хабарро хонданд: 100 нафар
Назарҳо: 0
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми дӯсти Ҷопонро ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои байнидавлатии кишварҳоямон – 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ самимона табрик мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар бемайлон густариш ёфта, имрӯзҳо бар асоси усулҳои пазируфташудаи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди якдигар дар марҳилаи таҳкиму тавсеаи худ қарор доранд.

Дар ин зимн мо саҳми назарраси Ҷопонро дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар арсаҳои гуманитарӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баланд қадр мекунем.

Ба ин манзур мехоҳам фаъолияти самарабахши Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва натиҷаҳои арзишманди шарикии афзоишёбандаи кишварҳоямонро дар чорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” бахусус таъкид намоям.

Мо алоқаманди пешбурди минбаъдаи муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ҳастем ва ба ояндаи онҳо дидгоҳи мусбат дорем. Омодаем, ки баҳри ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нав дар оянда низ якҷоя тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон байни кишварҳоямон муносибатҳои нек барқарор гардиданд. Мехоҳам изҳори умедворӣ намоям, ки ҷашнвораи соли ҷории 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Боиси хушнудист, ки Ҷопон бо Тоҷикистон тавассути муколамаи доимӣ дар сатҳи баланд, аз қабили сафари Сарвазири Ҷопон Синзо Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ва сафарҳои чаҳоркаратаи Ҷаноби Олӣ ба Ҷопон, дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, омодасозии кадрҳо ва суботи минтақа, аз ҷумла дар арсаи назорати сарҳадӣ пайваста ҳамкорӣ мекунад.

Дар назар аст, ки имсол дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Мехоҳам изҳори умедворӣ намоям, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи механизми мазкур идома хоҳад ёфт.

Иҷозат диҳед ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар коратон муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу намоям».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: