Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд

28-08-2017, 14:52
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд
28.08.2017 14:26, шаҳри Душанбе
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо бо фарорасии санаи муборак дар таърихи муосири муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон – самимона табрик менамоям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳар ду ҷониб заминаи боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судмандашонро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн эҷод намуда, бо талошҳои фаъолу созанда онҳоро пайгирона густариш додаанд.

Мо итминон дорем, ки идомаи бемайлони ин раванд ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардумони ду кишвари дӯст мебошад.

Зимнан ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки баҳри рушду такомули минбаъдаи ҳамшарикии гуногунҷанбаи ду кишвар саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рӯзгори ободу пешрафти беш аз пеш орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби муҳтарам,

Бо хушнудии зиёд Шуморо Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати 25-солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки рӯзи 28 августи соли 2017 таҷлил мегардад, табрик менамоям.

Муносибатҳои байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз рӯи таърих, забон, анъана ва фарҳанги муштарак реша давондаанд. Бинобар ин, бамаврид аст, ки ду кишвари мо бо шарикии стратегӣ ва дар асоси ҳадафҳои умумии амният ва шукуфоии ду кишвар ва минтақа, бо ҳам пайванданд. Боздиди Шумо, Ҷаноби Олӣ ба Ҳиндустон, ки моҳи декабри соли 2016 сурат гирифт, саҳифаи навро дар муносибатҳои ду кишвар кушода, ба таҳкими равобити дуҷонибаи мо умед мебахшад.

Лутфан табрики маро бо таманнои саломатии хубу бардавом ва хушбахтӣ ба Шумо Ҷаноби Олӣ, қабул доред.

Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: