Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон1-02-2022, 07:35
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон 31.01.2022 18:40, шаҳри Душанбе Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба таҷлили 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти кишваратон таманниёти нек ва табрикоти самимии ин ҷонибро изҳор намоям. Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, сатҳи сифатан навро касб карданд. Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои некро бо Британияи Кабир, ки дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии онро ба расмият пазируфт, муҳим медонад. Дар ин росто, мо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат бо он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем. Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо муносибатҳои шарикии ду кишвар минбаъд ҳам идомаи босамар ёфта, дар оянда мазмуну мӯҳтавои навро касб хоҳанд кард. Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Шоҳигарӣ сулҳу амонӣ ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам». Дар барқияи табрикии Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст: «Муҳтарам ҷаноби Президент Раҳмон, Шоҳигарии Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 январ 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии худро қайд намуданд. Бо истифода аз ин фурсат, мехостам қотеона ва самимона аҳамияти таҳкими муносибатҳои моро барои Шоҳигарии Муттаҳида таъкид намоям. Дар тӯли 30 соли охир Шоҳигарии Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди шарикии наздик бар пояи усулҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои амният ва дифоъ, рушди инсонӣ ва иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳанг дар бар мегирад, ҳамкории муштарак анҷом додаанд. Шоҳигарии Муттаҳида, ки имрӯз шарики собитқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, минбаъд низ дар кори дастгирии рушди устувори он ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои умумӣ ва глобалӣ, ба монанди амният ва тағйирёбии иқлим ҳамин тавр боқӣ мемонад. Умедвори рушди давомдори муносибатҳои ҳамкориамон дар солҳои оянда ҳастам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.