Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

26-01-2018, 13:01
Хабарро хонданд: 67 нафар
Назарҳо: 0
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон омадааст:
«Муҳтарам Игор Николаевич,
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Молдова — 25-солагии истиқрори равобити дипломатӣ байни давлатҳоямон табрик мегӯем.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Молдова дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ хислати рушди пайгирона доштанд.
Изҳори итминон менамоям, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхтаи мусбат равобити байнидавлатии ду ҷумҳурӣ дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ тавсеаву таҳким хоҳанд ёфт.
Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми дӯсти Молдова сулҳу созгорӣ ва рифоҳ таманно менамоям».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Шуморо сидқан бо 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Тайи солҳои сипаригашта давлатҳои мо ба хотири тавсеаву таъмиқи ҳамкории байнидавлатӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва муколамаи созанда рушд меёбанд, кори зиёдеро анҷом доданд.
Бо истифода аз фурсати фароҳамшуда мехостам изҳори итминони комил намоям, ки муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии баробарҳуқуқӣ миёни давлатҳоямон минбаъд низ дар самтҳои мухталиф бомуваффақият рушд хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон дастовардҳои намоёни навин ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу ризоият ва шукуфоӣ орзумандам».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: