Ҳалокати дучархасавори ноболиғ дар роҳи Душанбе-Ваҳдат3-03-2016, 11:10
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки тайи рӯзҳои якум ва дуюми моҳи марти соли равон, ноуҳдабароии се ронандаи воситаи нақлиёти гуногунтамға мунҷар ба марги се нафар гардидааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод рӯзи якуми март, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, марди 34-солаи истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар рӯ ба рӯи деҳаи Мавлавӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархасавори 17-сола, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархасавори ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-431610”, марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Лоҳури ҷамоати Навбунёд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин манбаъ мегӯяд, рӯзи дуюми март бошад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, марди 23-солаи сокини шаҳри Хоруғ ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Хоруғ ба тарафи деҳаи Сучон, дар ҳудуди кӯчаи В.Гулмамад аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 48-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст, ки ин мард ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.