Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » СММ: ҳазорҳо сокини шаҳрҳои муҳосирашудаи Сурия аз гуруснагӣ мемиранд

СММ: ҳазорҳо сокини шаҳрҳои муҳосирашудаи Сурия аз гуруснагӣ мемиранд

2-03-2016, 17:56
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
СММ: ҳазорҳо сокини шаҳрҳои муҳосирашудаи Сурия аз гуруснагӣ мемиранд
СММ ҳушдор медиҳад, ки ҳазорҳо нафар дар Сурия метавонанд аз гуруснагӣ бимиранд.

Масъули бахши ҳуқуқи инсони СММ Зайд Раад Ал-Ҳусейн рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар маросими оғози ҷаласаи ҳамасолаи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ зикр кард, ки қариб 480 ҳазор сокини шаҳрҳои муҳосирашудаи Сурия дар вазъияти бадтарин қарор доранд.

«Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ барқасдона аз гуруснагӣ ба марг расонидани инсон манъ аст”, - гуфт Ал Ҳусейн.

Ба иттилои кормандони созмонҳои башардӯстона, даҳҳо сокини шаҳри Маадамӣ аллакай аз гуруснагӣ фавтиданд.

Имрӯз, 1 март корвони башардӯстона баъд аз оғози оташбас ба шаҳри муҳосирашудаи Маадамии Сурия расид. Ба иттилои Ҳилоли Аҳмар, 10 мошини боркаши ҳомили кӯрпаву маводи тозакунӣ ба шаҳри Маадамӣ дар ҷанубу ғарби Димишқ ворид шуданд.

СММ умедвор аст бо истифода аз оромии нисбӣ дар тӯли панҷ рӯзи оянда дар миёни 154 ҳазор нафар кӯмакҳоро тақсим мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: