380 санҷиши муштарак дар Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт21-01-2016, 10:40
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
«Барои ба танзим даровардани нақлиёт, новобаста аз шакли моликияташон ва таъмини бехатарии онҳо, инчунин баланд бардоштани маданияти хизмтрасонӣ ба аҳолӣ дар миқёси минтақаи Кӯлоб мутобиқи қонун ва қарорҳои амлкунандаи ҶТ дар якҷоягӣ бо прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва БДА 380 маротиба санҷиши муштарак гузаронида шуд»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Кӯлоб Сафаралӣ Қурбонов.
Дар ҷараёни баргузории ин санҷишҳо 4190 воситаи нақлиёт аз санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба 4022 нафар ронандаи воситаи нақлиёт огоҳиномаи шифоҳӣ, ба 26 нафар шахсони ҳуқуқӣ огоҳиномаи хаттӣ ва нисбат ба 7 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.