Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар ҳамаи самтҳо пешсаф бошем

Дар ҳамаи самтҳо пешсаф бошем

28-01-2022, 09:10
Хабарро хонданд: 476 нафар
Назарҳо: 0
  Дар ҳамаи самтҳо пешсаф бошем

ГУЗОРИШ
оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар соли 2021


Ташаббусҳои ҳизбӣ дар тақвият бахшидани
масъулияти шаҳрвандӣ ва корҳои созандагию ободонӣ

Яке аз иқдомҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар тайи солҳои охир, хусусан дар давоми соли 2021 тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст.
Дар ин давра, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ба амалӣ гардидани нақшаи Кумитаи иҷроияи марказӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ равона карда шуда буд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ Ситодҳо ва гурўҳҳои ҳизбӣ таъсис дода шуданд.
Бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии ҳизб бо иштироки оммаи васеи мардум баргузории ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҷараёни он роҳу кўчаҳо, боғу гулгаштҳо, соҳили дарёҳо ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо тозаву озода карда мешаванд. Ин иқдом дар тамоми қаламрави кишвар хусусияти доимиву оммавӣ касб намудааст.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому ташаббусҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди пойтахт бараъло эҳсос гардида, шаҳри азизамон рўз то рўз зебою дилоротар мегардад.
Дар ин замина, ҳизбиёни пойтахт дар якҷоягӣ бо вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ дар доираи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе ва бо ин васила татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ аксияи ободониву созандагиро таҳти унвони “Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард” дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳри Душанбе пайваста баргузор намуданд, ки то ба имрўз дар ин аксияҳо ҳазорҳо бех ниҳоли ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар ҳоли афзоиш мебошад.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзиш, бозии кўдакон ва истироҳати калонсолонро воқеъ дар кўчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо диду тарҳи муосир бунёд карда шуд, ки ҳизбиёни пойтахт дар бунёди он фаъолона ширкат варзиданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва тобеи марказ дар нимсолаи сипаригардида ба ин масъала такони ҷиддӣ дода, фаъолиятҳоро дар ин бахш ба таври чашмрас густариш бахшиданд.
Сохтмони бинои истиқоматӣ дар шаҳри Исфара аз ҷониби ҳизбиёни вилояти Суғд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ бо кишвари ҳамсоя вайрон гардида буданд, маҳз тавассути ташаббуси аъзои ҳизб ба вуқуъ пайваст, ки аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён овард.
Бо қаноатмандӣ бояд қайд намуд, ки бо иқдоми фаъолони ташкилоти ҳизбии КВД “Тоҷикагролизинг” барои зарардидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, бо дастгирии бевоситаи фаъолони ҲХДТ Назарзода Б., Давлатзода Д., Ҷўраев Д. дар шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Данғара ва Вахш мактабҳои замонавӣ бо таҷҳизоти лозима сохта ба истифода дода шуданд.
Ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон бошад, бо роҳи ташкили корҳои ободонию созандагӣ аксияи ҳизбӣ зери уновни «Якҷоя месозем!»-ро роҳандозӣ намуданд. Бо ташаббускориҳои сохторҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои эълонгардида корҳои муайяни ободонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо ҷалби саховатмандон 32 мактаб (синфхонаҳои алоҳида) дар ҳаҷми 15726 м2 таъмир карда шуданд. Инчунин, 144,3 км (2020-86 км) роҳҳои байни кўчаҳо сангфарш ва 78,2 км (2020-49 км) роҳҳо мумфарш карда шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудудан як баробар зиёд мебошад. Таъмир ва ё сохтмони даҳҳо пул, обёрикунонии маҳаллаҳо ва ниҳолшинонию (98968 ниҳол) тозакунии гирду атроф тариқи фаъолсозии сокинон ва ҷалби соҳибкорону саховатмандон низ ба роҳ монда шуданд. Дар самти рушди деҳот ва таъмини гигиенаи шахсӣ 51 иншооти гигиенӣ бо услуи дренажӣ ва 19 маркази ҷамъиятии қабул ва фурўши маҳсулоти ҳунармандӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин самт саҳми фаъолон ва ҳизбиёни шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Шаҳринав ва Варзоб баръало мушоҳида карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар ин амалҳои хайр ва тасмимҳои созанда аъзои ҷавони ҳизб ва волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамеша ҳиссаи худро мегузоранд.

Фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар бахши иҷтимоӣ

Ташкилотҳои ҳизбӣ дар фаъолияти худ дастгирии қишри ниёзманди ҷомеаро ҳадафи меҳварӣ қарор дода, дар партави ҳидоятҳои пайвастаи Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба ин қишри ниёзманди ҷомеа, гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахўрону собиқадорони меҳнат дасти кўмак мерасонад.
Дар меҳвари Барномаи ҲХДТ (барои солҳои 2020-2025), ки таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” тарҳрезӣ шудааст, ғамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахўрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо афзалияти бештарро дорост.
Бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020 таҳти №30 «Оид ба ҳамкорӣ дар корҳои хайриявӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумак ба гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ ба имзо расониданд.
Дар асоси қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ, ки аз дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҳизб бармеояд ба 107 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон “нафақи ҳизбӣ” муқарар шуд. Ин тадбир, ки дар оянда низ идома хоҳад ёфт, барои дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ амри зарурӣ буд.
Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Роҳбарияти ҲХДТ ба 15 нафар маъюбон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аробачаи хосаи маъюбӣ расонида шуд.
Қобили зикри хос аст, ки агар солҳои қаблӣ расонидани кумак ба ниёзмандону бепарасторон аз ҷониби доираи маҳдуди ҷомеа сурат мегирифт, хушбахтона бо ҳидоятҳои Роҳбари давлат тўли чанд соли охир, бахусус, соли 2021 расонидани кумакҳои моддӣ ва озуқаворӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вакилони ҳамаи сатҳҳо, соҳибкорону шахсони саховатманду ҳимматбаланд, тоҷирон ва дастгирии аъзои фаъоли ҳизб хеле бештар гардидааст.
Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҷиҳати ба фароғат фаро гирифтани маъюбон дар нимсолаи якуми соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо Шумоем”-ро баргузор намуд. Иттилоъ медиҳем, ки дар озмуни мазкур, ки аз рўи се номинатсия доир гардид, дар маҷмуъ 1087 нафар маъюбон ширкат варзида ба даври чорум, яъне даври ҷумҳуриявӣ 34 нафар роҳхат гирифтанд.
Бо дастгирии роҳбарияти ҲХДТ ва ташаббуси неки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба ғолиби Шоҳҷоизаи озмун ду хонаи ду ҳуҷрагӣ бо тамоми шароит дар пойтахт тақдим карда шуд.
Дар маҷмуъ, дар озмуни мазкур ба ҳар як ширкаткунанда 1000 сомонӣ ва ба ғолибони номинатсияҳои ҷойи якум 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 6 000 сомонӣ, ғолибон ва ҷойи сеюм 4 000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар давоми соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи КИМ ҲХДТ бахшида ба Рўзи Модар иқдоми “Кумак ба Модар” дар қаламрави мамлакат ба роҳ монда шуд, ки дар доираи иқдоми мазкур бо ҷалби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба модарони яккаву танҳо ва маъюб дар тамизкории хона ва ба кишти баҳорӣ омода намудани заминҳои наздиҳавлигии онҳо мусоидат намуданд.
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дар арафаи Наврўзи байналмилалӣ ва дар арафаи дигар идҳои миллӣ дар марказҳои минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбон ва мактаб-интернатҳо чорабинии фарҳангӣ доир намуда, ба бошандагони муассисаҳои мазкур дастархони идона оростанд.

Фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар
самти корҳои ташкилӣ ва дохилиҳизбӣ

Дар давоми соли 2021 як Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ ва 3 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он 24 муҳимтарин масъалаҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, айни ҳол татбиқи он зери назорати доимии роҳбарияти ҳизб қарор доранд.
Дар ин муддат, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ 2 ҷаласаи Раёсат ва 1 ҷаласаи Маҷлиси КИ, дар вилояти Суғд 4 ҷаласаи Раёсат ва 3 ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, дар вилояти Хатлон 4 ҷаласаи Раёсат ва 1 ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дар шаҳри Душанбе 2 маҷлиси раёсат ва 2 маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои гуногун баррасӣ гарида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Ҳамчунин, дар соли 2021 баргузории конференсияҳои пешбарии вакилон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои вакили хориҷшуда дар ҳавзаҳои Вахш-32, Ҷ. Балхӣ-30, Деваштич-24 ва Ҷ. Расулов 24 дар доираи қонунҳои амалкунанда баргузор гардиданд.
Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориши роҳбарияти ҳизб дар ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҷлисҳои раёсат баргузор шуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра, дар 6463 ташкилоти ибтидоӣ маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳо доир шуданд.
Масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ҳамеша зери назорати роҳбарияти ҳизб қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Фирдавсӣ, Шаҳринав, Кушониён, Дўстӣ, Деваштиҷ, Шаҳристон, Ҳамадонӣ, Ҷ. Балхӣ ва Нуробод дар мувофиқа бо Раиси ҳизб интихоб гардиданд.
Ҳамзамон, дар ин давра, 4 нафар мутахассисон дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва муовинони раис дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба кор таъин карда шуданд.
Дар соли сипаригардида, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рафти баррасии маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва раёсати он мегардад корҳои дохилиҳизбии ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад. Назорати ҳаракати аъзо, низоми дохилиҳизбӣ, қабули сифатноки аъзои ҳизб, баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва супоридани ҳақки узвият як бахши муҳими фаъолияти дохилиҳизбиро дар бар гирифта, ба миён овардани низоми мукаммал дар ин бахш омили муваффақияти фаъолиятҳои ҳизбӣ ба шумор меравад. Тайи як соли охир, ин масъала дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ афзалияту бартариятро ба худ касб намуд.
Тибқи маълумоти оморӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ то 1 январи соли ҷорӣ 6463 адад буда, шумораи онҳо дар ВМКБ – 377 адад, вилояти Хатлон 2768 адад, вилояти Суғд -1413 адад, шаҳри Душанбе - 921 адад ва ШНТМ ба 984 ададро ташкил медиҳад.
Шумораи аъзои ҲХДТ ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба 504 ҳазору 900 нафар расида аз ин, шумора занон 256 ҳазору 675 нафар ё ин ки ин 50,8 фоизро ташкил медиҳад. Аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон бошад, 172 ҳазору 418 нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии аъзои ҲХДТ 199 ҳазору 111 - нафар дорои маълумоти олӣ, 38 ҳазору 437 нафар- маълумоти олии нопурра, 126 ҳазору 258 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 141 ҳазору 136 нафар маълумоти миёна мебошанд, ки аз ин мутаносибан қариб 40 фоизро нафар дорои маълумоти олӣ ташкил мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ то 1 январи соли ҷорӣ ба сафи ҲХДТ 29 ҳазору 685 нафар шаҳрвандон қабул шудаанд.
Дар соли сипаригардида, натиҷаи фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рўи дастоварду камбудиҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҳз дар ин самт дар маҷлисҳои КИМ ва раёсати он баҳогузорӣ карда шуданд.
Тайи панҷ соли охир бори аввал дар тамоми ташкиолотҳои ибтидоии ҳизбӣ муқоисакунии аъзои ҲХДТ гузаронида шуд. Бо мақсади сифатан ҷамъбаст намудани маъракаи мазкур дар асоси барқияи дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ ва дар асоси дархости кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ мўҳлати он то то 1 феврали соли 2022 тамдид карда шуд.
Ҳамзамон, тибқи фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” гузаронида шуд. Ин иқдом дар тартибу низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва фаъолиятҳои дохилиҳизбӣ такони ҷиддӣ бахшида, масъулияти кормандони сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои ҳизбро тақвият бахшид. Натиҷаи амалиёти мазкур дар мадди аввал ошкор намуд, ки на дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар ин масъала бо аъзои ҳизб корбарӣ карда мешавад.
Ҷиҳати сабт, қайди дақиқ ва шаффофияти ҳаракати аъзои ҳизб дар робита ба роҳандозӣ намудани тадбирҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар барои гузаштан ба низоми “Ҳукумати электронӣ” ва дар амал татбиқ намудани талаботи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020-2027 Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб” таҳия ва бо қарори Раёсати КИМ тасдиқ гардид.
Дар мадди аввал вобаста ба масъалаи мазкур ба Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ» тағйирот ворид намуда, ба он мутобиқи банди алоҳида вобаста ба тартиби кор бо Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” ворид карда шуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур Нақшаи фаъолият аз 15 банд тасдиқ гардида, тибқи он дар дастгоҳи КИМ гурўҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули дастгоҳ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд. Ҳамзамон барои омўзиши кормандон ва валантерон курсҳои омўзишӣ ташкил карда шуд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 26 декабри соли 2021 маълумотҳои аъзои ҳизбро дар Барномаи «Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ» аз тарафи масъулони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 388 ҳазору 794 нафар ворид карда шуд, ки ин 77 фоизи шумораи умумии аъзои ҳизбро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрҳои Ҳисор, Хоруғ, Гулистон, Конибодом, Бустон ва ноҳияҳои Сино, Ашт, Шаҳринав ба масъалаи мазкур бо масъулияти баланд аз уҳдаи иҷрои супориши мазкур дар муҳлатҳои муайяншуда баромаданд.
Таъкид бояд намуд, ки муваффақияти ҳар як самту соҳаи муайян аз мутахассисони баландсавияву варзида ва кормандони донишманду ҷавобгуй ба талаботи муосир вобаста мебошад.
Соли сипаришуда тибқи дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ аз санаи 28 феврал то 6 марти соли 2021 Курси бозомўзиро барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил ва баргузор намуд.
Баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд дар таърихи ҳизб бесобиқа буда, дар он роҳбарияти ҳизб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, олимону донишмандони варзидаи кишвар иштирок ва суханрони намуданд.
Зимни баргузории ин чорабинӣ як чанд лексия-суҳбатҳои муфид, баргузории мизҳои мудаввар, сўҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бахши фарҳангӣ бошад боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обӣ, оромгоҳи Лучоб ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, таҷрибаомўзӣ дар Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун”, дар асоси барномаи курс барои ҳамаи шунавандагон бисёр муфид ва барои рушди фаъолиятҳои минбаъдаашон натиҷабахш буд.
Ҳамзамон, курсҳои бозомўзӣ барои кормандони ҳизбӣ дар самтҳои алоҳидаи фаъолияти ҳизбӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилотҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи КИМ, аъзои КИМ, олимону мутахассисон гузаронида шуданд. Баргузории чунин тадбирҳои муҳим дар соли ҷорӣ низ дар назар гирифта шудааст.
Дар самти ҳуҷчатнигорӣ фаъолияти дастгоҳи КИМ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси Дастурамали коргузорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра, 639 ҳуҷҷат қабул гардида ба роҳбарият барои баррасии минбаъда ирсол карда шуд. Аз ҳуҷҷатҳои воридгардида мактубҳо, барқияҳо ва аризаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 адад, аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо, шаҳр ва шаҳру ноҳияҳо 537 адад, аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо 10 адад, аризаҳои шаҳрвандон 12 адад мебошанд.
Дар ин давра, аз тарафи шуъба 572 ҳуҷҷати содиротӣ ба қайд гирифта шудааст, аз он 67 ҳуҷҷат ба Раиси ҲХДТ, 50 ҳуҷҷат дар шакли барқия ба КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Дар давоми сол аз ҷониби муовини якуми Раиси ҲХДТ 126 адад фармоишҳо ба имзо расонида шудаанд, ки аз онҳо 39 фармоиш оид ба ҳайати шахсӣ, 29 адад дар бораи сафарҳои хизматии кормандон, 35 адад рухсатиҳои меҳнатӣ, 14 дигар намуди рухсатиҳо ва 9 фармоиш марбут ба фаъолияти хоҷагидорӣ.

Фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ

Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ имруз ба як бахши муҳими кормандону масъулини ҳизбӣ табдил ёфтааст.
Ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо робитаи мустақим бо ҷомеа ва мунтазам корбарӣ намудан бо мардумро дар фаъолияти худ вусъат бахшида, ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо эътибори махсус медиҳанд. Бо мақсади татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо дастуру таъкидҳои роҳбарияти ҳизб фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо хеле ҷоннок гардида, мутобиқи ҷадвали алоҳида қабули шаҳрвандон аз ҷониби кормандони масъули кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо ташкил ва баргузор мешаванд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ ба қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 13817 нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. Он масъалаҳое, ки ба КИ ҲХДТ вобаста буданд, аз ҷониби кумитаи иҷроияи шаҳру наҳияҳо ва вилоят дар муддати муайяншуда ҳалли худро ёфтанд. Масъалаҳои берун аз салоҳияту ваколати сохторҳои ҳизбӣ барои баррасӣ ва иҷро ба сохторҳои дахлдор фиристода шудаанд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки аз соли 2016 қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолияти пурсамар менамояд. Пайваста расонидани ёрии амалӣ ва ҷашн гирифтани идҳои миллӣ дар заминаи расидагӣ ба мушкили баъзе аъзои ҳизб, ки феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва кумакҳои зиёд намуда, мавҷудияти он дар шароити кунунӣ беш аз пеш муҳим аст. Беҳтар намудани кори қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия низ тақозои замон дониста мешавад.
Аз муроҷиати мардум маълум мегардад, ки боварӣ ва эътимоди аҳли ҷомеа ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рўз то рўз зиёд мегардад.

Фаъолият ҲХДТ дар самти
муносибатҳои байналмилалӣ

Ҳамкориҳои байналмилалии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон дар шароити муосир бомаром густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории ҲХДТ бо ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», Ҳизби коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан», “Белая Русь” дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад.
Дар сиёсати хориҷии ҲХДТ ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия мавқеи калидӣ дорад.
Мавриди зикр аст, ки муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ А.А. дар конфронси байналмилалии "20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: рушди давлатӣ ва идоракунии давлатӣ" тариқи онлайн иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Дар заминаи тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд ва манфиатовар бо ҳизби “Единая Россия” муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ А.А. ва муовини Раиси ҳизб Латифзода А.Қ. дар ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори 20-солагии таъсисёбии ҳизби умумироссиягии “Единая Россия” тариқи онлайн иштирок ва бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.
Инчунин, ба ифтихори Анҷумани ХХ Ҳизби умумироссиягии “Единая Россия” ба унвонии раиси ҳизб Медведев Дмитрий Анатолевич табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол карда шуд.
Бо мақсади муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ дар соли 2022 бо Ҳизби умумироссиягии “Единая Россия” сафари гуруҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А. моҳи апрели соли 2021 дар шаҳри Москва анҷом дода шуд. Ҳамзамон, дар рафти сафари корӣ нақшаи ҳамкориҳои дутарафа миёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва “Молодая гвардия” баррасӣ гардид.
Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид мегардад.
Ирсоли паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби гереналии Ҳизби коммунистии Чин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ифтихори 100-солагии таъсисёбии ҲКЧ, мулоқоти муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Лю Бин, анҷом додани суҳбати онлайнии муовини якуми Раиси ҳизб бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Ҳизби коммунистии Чин, ҷаноби Сян Хуншан, ташкил ва баргузор намудани тамошои Саммити Ҳизби коммунисти Чин ва аҳзоби сиёсии ҷаҳон бо ширкати беш аз 80 нафар фаъолони ҳизб аз муҳимтарин рўйдодҳои соли сипаришуда дар самти ҳамкорӣ бо ҲКЧ дониста мешавад.
Кумитаи иҷроияи марказӣ тасмим гирифтааст, ки соли 2022 ҳамкориҳои байналмилалиро бо дигар ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон ба роҳ монад.
Тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ
барои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол муқаддам дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки дар самти тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои дахлдор андешида шавад.
Дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣо муваззаф гардида буданд, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои маъмурии ҳизбиро то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳал намоянд.
Барои иҷрои ин супориш, дар ин муддат як силсила тадбирҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Кўлоб, Норак, Левакант, Носири Хусрав, Қубодиён, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Вахш, Дўстӣ, Ёвон, Восеъ, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Кўҳистони Мастчоҳ, Бўстон, Зафаробод ва Истиқлоли вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Турсунзода, Шаҳринав ва Роғун биноҳои маъмурии ҳизб бо тарзу услуби муосир мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сохтмони бинои ҳизб дар ноҳияҳои Ҷалолиддин Балхӣ, Данғара ва Панҷи вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Гулистон ва Истаравшани вилояти Суғд, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзобу Рўдакӣ бомаром ҷараён дошта, дар назар аст, ки бинои маъмурии ин шаҳру ноҳияҳо дар наздиктарин фурсат мавриди истифода қарор мегиранд.
Биноҳои мазкур бо дастгирии бевоситаи аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорони ватандўсти шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳашар бунёд гардида, бори дигар ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамдилии ҳизбиёнро собит намуд.
Соли сипаригардида бо мақсади фароҳам овардани шароити корӣ аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вилояти Хатлон, ноҳияи Дўстӣ ва шаҳри Кўлоб бо нақлиёти хизматӣ таъмин карда шуданд.
Масъалаи дигареро, ки имрўзҳо роҳбарияти ҳизб дар назди ташкилотҳои ҳизбӣ вогузор намудааст, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо ин мақсад таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, сехҳои дузандагӣ, хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Айни ҳол, дар назди 18 кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 12 кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Нуробод, Рашт, Сангвор хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ ташкил шудаанд. Ҳамзамон, дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 корхонаи истеҳсолӣ, 3 адад дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар ин самт, иқдоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои Мурғоб, Ашт ва шаҳри Роғун, ки ба парвариши қутос, кишту кори зироатҳои ғалладона ва боғпарварӣ равона шудаанд, шоистаи таҳсин мебошад.
Дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказӣ дар ҷамоатҳои «Сари Хосор», «Тоҷикистон» ва «Сайф Раҳим»-и ноҳияи Балҷувон «Маркази ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардида, 15 адад мошинаҳои муосири дўзандагӣ тақдим шуданд.
Айни ҳол, чунин марказҳо аз ҷониби ҳизб аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Ҳисор, Кўшониён ва Нуробод ифтитоҳ шудаанд.
Нақши ҲҲДТ зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат бузургу барҷаста аст.
Фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат бомаром идома дошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Шумо фарогири ҳарчи бештари тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакат гардидаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки муовинони раиси ҳизб, аъзои КИМ, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи КИМ ва фаъолони ҳизбӣ маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир гардиданд. Дар маҷлисҳои мазкур аз фаъолияти солонаи ташкилотҳои ҳизбӣ натиҷагирӣ шуда, вобаста ба самтҳои ояндаи фаъолият барои соли 2022 вазифаҳо муайян гардиданд.
Итминон аст, ки дар соли 2022 ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки як қисми таркибии идеяҳои низоми давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бештар аз пештар тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда, самимонаву содиқона анҷом хоҳанд дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: