Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

22-07-2017, 10:00
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси   Раёсати  Кумитаи  Иҷроияи  Марказии    ҲХДТ

Рӯзи 21 июли соли равон дар қароргоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид.
Дар ҷамъомад аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои чамъиятӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказӣ, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ, ки дар Соли ҷавонон сурат гирифт, масъалаҳои нақши ҷавонон дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ дар марҳилаи муосир ва натиҷаи баргузории конференсияҳои ҳисоботию интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор гирифтанд.
Маҷлиси   Раёсати  Кумитаи  Иҷроияи  Марказии    ҲХДТ

Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ-ро Муовини якуми Раиси ҳизб С. Фаттоҳзода ифтитоҳ намуда, тазаккур дод, ки дар давоми дуюним соли фаъолият, ки аз он натиҷагирӣ менамоем, ташкилотҳои ҳизбии мо тибқи талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷумани дувоздаҳум, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, дар амри созандагию бунёдкории мамдакат саҳми муносиб гузошта, дар миёни мардум обрӯ ва нуфузи хешро афзун гардонданд.
Ҳануз 20 апрели соли 2011 бо мақсади татбиқи бандҳои барномавии ҳизб Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардондани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Созандагони Ватан» ниҳоди алоҳидаи кор бо ҷавонон таъсис дода шавад.
Дар тӯли фаъолияти шашсола ташкилоти мазкур бо иқдому ташаббусҳои муассиру созандааш тавонист, ки дар ҷомеа ва бахусус дар байни ҷавонон мақому манзалати хоси худро пайдо намояд ва такягоҳи боэътимоду қавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардад.
Маҷлиси   Раёсати  Кумитаи  Иҷроияи  Марказии    ҲХДТ
Баъдан раисони комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷ. Қозибеков, Хатлон А. Ализода, Суғд С. Фаттоҳзода, шаҳри Душанбе З. Раҳмонзода, шаҳри Ваҳдат Р. Раҳматзода, раисони ТҶҶ “Созандагони Ватан дар ноҳияи Рӯшон Н. Шерализода ва дар ноҳияи Шоҳмансур Р. Бобохонов зимни музокираҳои хеш дар бораи натиҷаҳои кори ташкилотҳояшон, бурду бохтҳо ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолият ибрози назар карданд.
Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ А. Хонов дар бораи натиҷаи баргузории конференсияҳои ҳисоботию интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ гузориши муфассал дод. Аз ҷумда мавсуф тазаккур дод, ки дар айни замон теъдоди аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба зиёда аз 440 ҳазор нафар расидааст ва боз талабгорони шомил шудан ба ҳизб беш аз пеш афзуда истодааст.
Ҳамзамон вазъи молиявии комиҷроияҳои ҳизбӣ ва шароити кории онҳо рӯ ба беҳбудӣ овардааст, ки ин имкон медиҳад аъзои ҳизб, масъулин ва ҷонибдорони он барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши бориз гузоранд.
Дар ниҳоят аз рӯи масъалаҳои мавриди муҳокима қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Маркази матбуоти ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: