Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси раёсати КИМ ҲХДТ

Маҷлиси раёсати КИМ ҲХДТ

28-07-2021, 17:57
Хабарро хонданд: 940 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси раёсати КИМ ҲХДТ

28 июл дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва бо иштироки аъзои раёсат, масъулони КИМ, КИ вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, кормандони дастгоҳи марказии ҳизб, масъулони ҳизбӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони ВАО доир шуд, 8 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои раёсат, бар асоси рўзномаи тасдиқшуда, аз ҷумла дар бораи натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2021, оид ба рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД -19 ва тақвият бахшидани фаъолияти минбаъдаи ҳизб дар ин самтро мавриди баҳс қарор доданд.
Аъзои раёсат инчунин дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ барои нимсолаи дуюми соли 2021, оид ба таъсис ва роҳандозии Барномаи «Махзани электронии аъзои ҲХДТ» оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои ҲХДТ изҳори назар карда,сандаҳоеро дар ин маврид ба тасвиб расониданд.
Аз рўи масъалаи якуми рўзнома - Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 роҳбари Дастгоҳи
Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода гузориш дода, бо зикри намунаҳое аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва амалкардҳои ба назар намоёни ҲХДТ таъкид намуд.
Номбурда гуфт: “Фаъолияти тамоми сохторҳои ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2021 асосан ба омодагӣ ба баргузории ҷашни шукўҳманди Ватан, 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Вобаста ба ин корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки дар пасманзари ин фаъолиятҳо тарғиби дастовардҳои истиқлолт ва бо амали намудани тадбирҳо саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ мебошад”.
Дар гузориши ў зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Дастгоҳи марказии ҳизб, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо инчунин ташкилотҳои ибтидоиро ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ ташкил дод.
Дар ин давра ҳамкории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо боз ҳам тақвият ёфт. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Оила, Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ доир гардиданд.
Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода 27 апрел бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳудӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Фаъолияти иттилоотии ҳизб бахше аз ин гузориш буд, ки дар он таъкид шуд: “Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ҳамеша талош менамояд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифини сиёсӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ ва ВАО ба нашр мерасанд, фаъолона корбарӣ намуда, фаврӣ вокуниш нишон диҳанд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони масъули ҳизбӣ дар фаъолияти касбии худ усулҳои замонавии кор бо ВАО-ро хеле хуб мавриди омўзиш ва истифода қарор дода, ба маводи интиқодии ғаразноку бебунёд ҳамеша ҷавоби муносибу асоснок медиҳанд.
А. Хонзода бо ишора ба ташаббусҳои ҳизбӣ дар тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ таъкид намуд, ки «яке аз иқдомҳои ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо солҳои охир, хусусан дар нимсолаи якуми соли 202, тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст.
Бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии ҳизб ва бо иштироки оммаи васеи мардум баргузории ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҷараёни он роҳу кўчаҳо, боғу гулгаштҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо тозаву озода карда мешаванд. Ин иқдом дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе хусусияти доимиву оммавӣ касб намудааст.
Ҳизбиёни пойтахт дар якҷоягӣ бо вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ дар доираи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе ва бо ин васила татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ аксияи ободониву созандагиро таҳти унвони “Ватан, ҳар гўшаатро сабз хоҳем кард” дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе пайваста баргузор намуданд, ки дар ин чорчўб ҳазорҳо ниҳоли ороишиву сояафкан шинонида шудааст.
Дар гузориш ба назорати ҳаракати аъзо ва қабули сифатноки аъзои нав ба ҳизб таваҷҷуҳ гардида, он як бахши муҳими фаъолияти дохилиҳизбӣ дониста шуд.
Ба гуфтаи ў, “Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҷумҳурӣ давраи ҳисоботӣ (то 1 июли соли ҷорӣ) ба 6447 расида, дар ҳоли ҳозир, аз ҷумла дар ВМКБ – 377, вилояти Хатлон 2776, вилояти Суғд -1386, шаҳри Душанбе 925 ва дар ШНТМ 986 ташкилот фаъолият мекунад.
Қабул ба сафи ҳизб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти дохилиҳизбӣ буда, дар давраи ҳисоботӣ ба сафи ҲХДТ 15 ҳазору 824 нафар шаҳрвандон шомил шудаанд.
Маҷлиси раёсати КИМ ҲХДТ
Дар робита ба масъалаҳои дар ҳисобот зикргардида, Миралиён Қиёмиддин- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Фелалиев Рустам - раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Мирзозода Иброҳим – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва чанде дигар аз иштирокчиён баромад карда, дар баробари баён доштани бахшҳое аз фаъолияти ташкилотҳои худ пешниҳодҳоеро барои беҳбуд ва тақвияти кори ташкилотҳои ҳизбӣ ба миён гузоштанд.
Дар вақти музокирот, аз ҷумла бар зарурати кор ҷиҳати тавсеаи раванди обуна ба нашрияҳои ҳизбии марказӣ ва вилоятиву шаҳрӣ, вусаъат додани амалиёти «Шаҳодатномаи ман –ифтихори ман», тадбирҳо барои беҳтар намудани ҷамъоварии ҳаққи узвият аз аъзои ҳизб таъкид шуд.
Дар қарори раёсат, ки дар ин робита қабул гардид, аз ҷумла ба кумиҷроияҳо дастур дода шуд,фаъолияти худро тақвият бахшида, кори ташкилотҳои ибтидоиро зери назорати қатъӣ бигиранд,барои пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ тадбирҳои лозимро мавриди иҷро қарор дода, ба масъулияти шахсии ҳар як узви ҳизб барои иҷрои супоришҳои ҳизбӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Фаъолияти худро минбаъд низ дар самти таъмини суботи ҷомеа, ҳамкорӣ ва рақобати солими нерўҳои сиёсӣ, ҳифзи дастовардҳои миллӣ, густариши равандҳои деморкратӣ дар ҷомеа, васъати ғояву арзишҳои миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш диҳанд.
Доир ба масъалаи дигари рўзнома – «Оид ба рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аъзои раёсат гузориши муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзодаро шуниданд.
Мавсуф зимни суханронӣ таъкид ба он кард, ки «Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад».
Ў афзуд: аз маърўзаи роҳбари Дастгоҳи КИМ бармеояд, ки фаъолияти шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар самтҳои гуногун қаноатбахш буда, дар қатори пешравиҳо камбудиҳо низ ошкор ва роҳҳои ҳалли он муайян шуданд.
Ў низ таъкид кард: “Воқеан ҳам, баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ ва иштироки масъулини сохторҳои болоии ҳизб дар рафти баргузории он барои баланд бардоштани масъулияти ҳизбию сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва самарабахшии фаъолияти дохилиҳизбӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ бояд дод, ки ба ҳолати то 1 июли соли 2021 шумораи аъзои ҳизб 468842 нафарро ташкил намуда, онҳо дар 6447 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.
Басо хушоянд аст, ки бори нахуст дар фаъолияти ҲХДТ бо иқдоми бевоситаи Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор – муовини якуми Раиси ҲХДТ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман!” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оғоз ёфт.
Ба гуфтаи ў, “бо вуҷуди ин, таҳлилҳои минбаъда аз натиҷаи баргузории амалиёти мазкур нишон дод, ки баъзе аз аъзои ҳизб нисбат ба шаҳодатномаи ҳизбӣ хунукназарона рафтор намуда, саривақт барои гузоштани муҳр ва ворид намудани пардохти ҳаққи узвият шаҳодатномаи ҳизбиашро ба масъулон пешниҳод намекунанд”.
Гузашта аз ин, - афзуд ў, - таҳлилҳо нишон доданд, ки баъзе аъзои ҳизб муҳлати панҷ сол дар шаҳодатномаи ҳизбиашон қайде надоранд.
Илова бар ин, тарзи нигоҳдории варақаҳои шахсии узви ҲХДТ,танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ки интизоми ҳизбӣ ба шумор меравад, дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Фархор, Темурмалик, ва Леваканти вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Масчоҳ ва Ҷ.Расулови вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ваҳдат, Нуробод ва Лахш дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Мавсуф аз раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хост, ки оид ба ҳалли саривақтии камбудиҳои ҷойдошта иқдомоти лозимро амалӣ кунанд.
Бино ба қарори маҷлис низ, Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваззаф шуданд, ки маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботиро дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта нақшаи тадбирҳои заруриро тасдиқ ва иҷрои онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дастгирии маъюбон
Яке аз мавзўъҳои муҳими ин ҷаласа баррасии гузориш «Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар самти дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ» буд. Дар ин мавзўъ ба диққати аҳли нишаст гузориши муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ пешниҳод гардид.
Номбурда боишора ба ин ки масъалаи мавриди назар дар барномаи пешазинтихобоии ҲХДТ (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020 – 2025) дохил аст, як –як аз корҳои анҷомшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳарф зад.
Ў бо ишора ба ин ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама гуна манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ мегузорад ва шарафи инсонро гиромӣ медорад, таъкид кард: «Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ сол то сол тараққӣ карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои иртифои ботадриҷи сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меорад.
Мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, омода сохтани замина барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ў афзуд: «Ҳоло тибқи пешниҳоди сохторҳоиҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 159 нафар ятимони кулл ва ниёзмандон ба қайд гирифта шудаанд. КИМ ҲХДТ бо дастури Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор шудааст, ки онҳоро зери сарпарастии ҲХДТ гирифта, шароити зиндагӣ ва буду бошашонро беҳтар намояд. Тасмими мазкур дар партави сиёсати инсонмеҳварии Роҳбари давлат рӯйи кор хоҳад омад.
Х. Юсуфӣ ёдовар шуд: «Тибқи шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби сохторҳои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамдастӣ бо вакилони маҷлисҳои ҳамаи сатҳҳои интихобӣ ва узви фаъоли ҳизб ба 18 809 нафар ниёзмандон ва маъюбону шахсони бесаробону танҳо кӯмакҳои моддӣ ва озуқаворӣ расонида шудааст.
Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Роҳбарияти ҲХДТ ба 15 нафар маъюбон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аробачаи худрави маъюбӣ дастрас шуд.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо Шумоем” яке аз иқдомҳои дигари ҳизб зикр шуда, таъкид гардид, ки дар он аз рӯи се номинатсия дар маҷмӯъ1087нафар маъюбон ширкат варзида ба даври ҷумҳуриявӣ 34 нафар роҳхат гирифтанд.
Боиси сарафрозӣ ва ифтихор аст, ки бо дастгирии роҳбарияти ҲХДТ ва ибтикори неки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳриДушанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби Шоҳҷоизаи озмун аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ба ғолиби дигари озмун аз шаҳри Душанбе хонаҳои дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароит дар пойтахт тақдим шуд. Дар маҷмӯъ, дар озмуни мазкур барои иштироки фаъолона ба ҳар як нафар иштирокчӣ 1 000 сомонӣ ва ба ғолибони номинатсияҳои ҷойи якум 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 6 000 ва ғолибони ҷойи сеюм 4 000 сомонӣ эҳдо гардид.
Аъзои раёсат дар санаде, ки дар поёни баррасии ин мавзўъ тасдиқ карданд, аз ҷумла вазифаҳои кумиҷроияҳоро муайян ва ба вусъати ҳамкориҳо бо шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҳангоми расонидани ёриҳои моддӣ ба ниёзмандон ба зоҳиргароӣ ва худнамоӣ роҳ надода, фаъоияти қабулгоҳои ҷамъиятиро беҳтар кунанд, ҳар муроҷиати сокинонро дар доираи талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қонеъ гардонанд.
Дар баробари ин дар заминаи шартномае, ки байни КИМ ҲХДТ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба имзо расидааст, дастрасӣ ба ёрии мунтазамро ба маъюбон дар доираи рўйихати тасдиқшуда таъмин кунанд.
Ҳизб дар давраи пандемия ва тақвияти фаъолияти минбаъда
Доир ба масъалаи дигари рўзнома - Дар бораи саҳми ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД -19 ва тақвияти фаъолият дар ин самт мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб Илҳомҷон Ҳамидиён зимни гузориш оид ба оғози пандемия дар кишвар, вазъи имрўза ва тадбирҳои ба иҷро расида аз сўйи ташкилотҳои ҳизбӣ аз оғоз то ба имрўз ҳисобот дод.
Ў аз ҷумла гуфт: “Масъалаи солимии аҳолӣ дар таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ва Раиси муҳтарами ҲХДТ қарор дорад. Чунончи доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин қакриб 300 муассиса сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат чунин муассисаҳо ба истифода дода шудаанд ва дар хидмати аҳолӣ қарор доранд.
КИМ ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва шаҳрвандон дар давраи пандемия беш аз 3 миллион ниқоби ҳимоявӣ, 2 миллион дастпўшак, 900 ҳазор маводи антисептикӣ ва 40 ҳазор либосҳои муҳофизатии тиббӣ ройгон тақсим намуд.
Номбурда афзуд: “Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, бо дастгирии вакилони Маҷлиси намояндагон аз Фраксияи ҲХДТ, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ ва вакилони ҷамоат маводи ғизоӣ барои табибон ва беморон ба маблағти зиёда аз 6 миллион сомонӣ ва барои оилаҳои камбизоат ва ниёзманд ба маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ кумак расонида шуд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба воситаи нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Сухани халқ», «Шафақ», «Афкори халқ», «Нигоҳи халқ», “Фарвардин”, «Садоқат», «Ҳидоят», «Ҳамрози халқ», “Овози халқ”, тариқи радио ва телевизионҳои маҳаллию марказӣ зиёда аз 3000 гузоришу мақола таҳия ва пахш гардид.
Аъзои раёсат пас аз музокира ва баҳс рўйи ин масъала бо таъкид ба саҳми назарраси ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус ва тақвият бахшидани фаъолияти минбаъда пешниҳодҳоеро баён карданд.
Раёсат дар қарори қабулшуда ба дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Кумитаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ супориш дод,ки фаъолияти худро дар маҳалҳои таҳти тобеияти худ дар самти мубориза бо ин беморӣ тақвият дода, ҳамкории доимӣ ва судмандро бо муассисаҳои тандурустӣ ба роҳ монанд.
Махзани ягонаи электронӣ
Дар маҷлиси раёсати КИМ ҲХДТ таъсис ва роҳандозии Барномаи «Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ» низ сухан рафт. Дар ин бора Салим Гадоев - мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии ҲХДТ гузориш дода, мавриди иҷро қарор гирифтани ин барномаро барои пешрафти кори ҳизбӣ, танзими бештари баҳисобгирӣ ва назорати аъзои ҳизб муҳим донист.
Мавсуф ёдовар шуд, ки ин иқдом бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, ва мутобиқ ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ҷиҳати истифода васеъ аз воситаҳои муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва мутобиқ ба Оинномаи ҲХДТ амалӣ мегардад.
Ин махзан маълумоти муҳим дар бораи ҳар як узви ҳизб, рўйихати аъзои ҲХДТ ва муқоисаи он, номгўи КИ ҳизб, рўйхати корхона ва муассисаҳое, ки ташкилотҳои ҳизбӣ доранд ва ғайраро дар бар ҳоҳад гирифт.
Дар ин робита нақшаи тадбирҳое дар сатҳи дастгоҳи КИМ ҲХДТ барои иҷрои барнома тасдиқ шуда, назорати иҷрои он ба зиммаи муовини Раиси ҲХДТ А. Латифзода вогузор гардид.
Маҷлиси раёсат инчунин масъалаҳои дигари рўзномаро баррасӣ карда, доир ба ҳар яке аз онҳо қарори дахлдор қабул кард.
Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ дар бораи даъвати Маҷлиси КИМ ҲХДТ қарор қабул кард.
С.Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: