Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ! Дар Узбекистон афзоиши ногаҳонии гирифторони коронавирус мушоҳида гардид

ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ! Дар Узбекистон афзоиши ногаҳонии гирифторони коронавирус мушоҳида гардид

12-01-2022, 07:26
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ! Дар Узбекистон афзоиши ногаҳонии гирифторони коронавирус мушоҳида гардид


Шумораи гирифторони коронавирус дар Узбекистон рӯзи якшанбе ба 389 нафар расид, ки нисбат ба як рӯзи пеш (369) 20 нафар зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Теъдоди умумии ҳолатҳои ошкоршуда аз оғози пандемия ба 200 730 нафар расидааст.

Як рӯз пеш 3 ҳолати фавт бар асари гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии расман фавтидаҳо 1497 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, як рӯз пеш аз ин иттилоъ дода шуд, ки дар Узбекистон штамми «омикрон»-и коронавирус ошкор гардид. Дар робита ба афзоиши гирифторони коронавирус дар кишвар чораҳои карантинӣ боз пурзӯр карда шудаанд.

Пайдарҳамии ҳодисаҳо

7 январ дар озмоишгоҳи Маркази технологияҳои пешрафтаи Вазорати рушди инноватсионӣ штамми «омикрон» муайян карда шуд.
7 январ Вазорати тандурустӣ дар бораи афзоиши якбораи шумораи беморони коронавирус дар шабонарӯзи гузашта (6 январ +251) хабар медиҳад.
8 январ маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ мусоҳиба бо муовини сардори Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ Нурмат Отабековро нашр кард. Ӯ гуфт, ки дар мамлакат «омикрон» нест.
9 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки вазъ бадтар мешавад, дар як рӯзи охир – 8 январ – аллакай 369 бемор ошкор шудаанд.
9 январ — дар нимаи рӯз Узбекистон ногаҳон ошкор намуд, ки дар кишвар аллакай «омикрон» мавҷуд аст. Дарҳол чораҳои нави карантинӣ ҷорӣ карда мешаванд. (АМИТ «Ховар» дирӯз дар бораи ин чораҳо хабар дода буд).
/АМИТ «Ховар»/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: