Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 13 миллион нафар расид

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 13 миллион нафар расид

13-07-2020, 13:35
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
  Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 13 миллион нафар расид
Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 194 ҳазор зиёд шуда, беш аз 13 миллион нафар гардид, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 09:00 дар ҷаҳон 13 036 587 ҳолати сироятёбӣ ва 571 574 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 194 677 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 956 кас зиёд шуд.
Омори СУТ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 214 786 ҳолати сироятёбӣ ва 5 015 фавт ошкор гардида буд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 413 995 нафар), Бразилия (1 866 176), Ҳиндустон (879 466), Россия (727 162), Перу (326 326), Чили (315 041), Испания (300 988), Мексика (299 750), Британияи Кабир (289 603) ва Африқои Ҷанубӣ (276 242) дохил мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: