Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад

Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад

30-11-2021, 07:50
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, маълумоти пешакӣ нишон медиҳад, ки одамони қаблан гирифторшуда ба COVID-19 метавонанд ба штамми нави он - "омикрон" низ сироят ёбанд.
Ин созмон қайд кард, ки маълумоти муфассал "дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик" дастрас хоҳад шуд.
Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад
"Ҳанӯз маълум нест, ки ин навъ аз инсон ба инсон нисбат ба дигар штампҳо, аз ҷумла навъи "делта" осонтар мегузарад ё не. Феълан омӯзиши пурраи навъи мазкур идома дорад", - гуфта мешавад дар изҳороти СҶБ.
Манбаъ зикр намуд, ҳоло маълум нест, ки штамми "омикрон" вазъи беморонро шадид мекунад ё на.
Дар Африқои Ҷанубӣ, тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, тақрибан сад нафар фарди мубтало ба он сабт шудааст. Дар Ҳонконг, Исроил, Австралия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ чанд ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Ду ҳолати аввали сироятёбӣ бо штамми "омикрон" дар Канада низ тасдиқ карда шуд.
Мақомоти Исроил ва Иттиҳодияи Аврупо эълон карданд, ки сарҳадҳо ба далели шиддати ин навъ коронавирус барои 14 рӯз баста мешаванд. Аз рӯзи душанбе Иёлоти Муттаҳида парвозҳо ба ҳашт кишвари ҷануби Африқоро маҳдуд кард.
Рӯзи гузашта губернатори рус Владимир Кругли изҳор дошт, ки ба эҳтимоли зиёд ин навъ коронавирус ба Русия низ ворид шудааст. Ӯ пешгӯӣ кард, ки манбаи паҳншавии ин дард худи шаҳрвандони Русия мебошанд, ки ба Миср сафар намуда буданд.

СПУТНИК
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: