Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОИЛА ЧИСТ ВА ОИЛАДОР КИСТ?

ОИЛА ЧИСТ ВА ОИЛАДОР КИСТ?

28-12-2021, 08:20
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0

АНДЕША. Оила дар натиҷаи издивоҷи ду нафар, яъне зану мард ба вуҷуд меояд. Писар ва духтаре бо амри тақдир, ё аз рӯи ишқу муҳаббат ақди никоҳ мебандад ва издивоҷи онҳо расмӣ мегардад. Онҳо қадамҳои нахустинашонро ба хонаи бахти хеш мегузоранд. Бояд шаҳсутуни хонаи бахти онҳо аз ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва гузашткардан аз хатои якдигар сохта шавад, вагарна он бино бебақо хоҳад буд. Фарзандоне, ки дар оилаи бофарҳанг тарбия ёфтаанд, метавонанд оилаи хубу намунавӣ дошта бошанд. Дар ин оила фарзандони ҷисману руҳан солим ба дунё омада, дар оянда аз онҳо ватандори арзандаву асил ба воя мерасад. Вале мутаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо вайроншавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд ба чашм мерасад. Чӣ бояд кард, то ки пеши роҳи он гирифта шавад? " Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ" гуфтаанд, бояд атрофиён, яъне ҷомеа бетараф набошанд, хусусан ҳамсояҳо, ки шоҳиди ҳақиқати ҳол ҳастанд, хомӯширо ихтиёр накунанд ба раиси маҳала рости гапро гӯянд. Хотирбин бояд набошем. Хотирбинии хешу табор ва атрофиён боиси вайрон гаштани оила шуда метавонад. Аз ҷанҷолу нооромии оила мард худро идора карда натавониста " талоқ"- и занро медиҳад. Онҳо баҳри бекор кардани ақди накоҳ ба суд муроҷиат менамоянд, баъди сипарӣ шудани вақти муайяншуда суд ақди никоҳи онҳоро бекор менамояд. Модаре бо як ду ё се -чор фарзанди ноболиғ, ё худ танҳо дар чорсуи зиндагӣ ҳайрону сарсон мемонад, ё ин ки дар он ҳуҷрае, барои келин ҷудо карда буданд, бо қарори суд " Маскун" мегардад. Биёед андеша намоем. Духтаре, ки дар он оила ба ҳайси зан ба ҳайси келин хизмат мекард, чи тавр метавонад баъди ҷудо шудан дар як ҳавлӣ дар зери як бом умр ба сар барад мудоме, ки " сояи якдигарро " дида наметавонанд. Хатогӣ аз падару модар сар мезанад, вале азоби онро фарзанд мекашад. Ҳарду тараф борони қаҳру ғазаби худро ба сари фарзандон мерезонанд. Ё ин ки мисоли дигар келин баъди ҷудо шудан аз шавҳар ҳамроҳи фарзандонаш ба хонаи падар бар мегардад. Ҳар бегоҳ ака ва ё додари духтар аз кор ба хона меояд , кӯдакони худро ба оғӯш гирифта навозиш мекунад. Кӯдак ин лаҳзаро дида, аз модараш мепурсад:
_Оча падари ман кай меояд?
Модари аламзада дар ҷавоб мегӯяд:
-Падари ту мурд!
_Ту падар надорӣ.
Кӯдаки бечора падари "Зинда ба қатори мурда" - ашро дар олами кӯдакияш мегӯронад. Мо имрӯзҳо дар як замонаи сериву пурӣ умр ба сар мебарем, касе муҳтоҷи як луқма нон нест. Ман дар ҷое хонда будам: _ " Фарзанди одам гусола нест, ки фақат ба шиками сер қаноат кунад, навозиши падару модар аз ҳама неъматҳои дунё болотар аст барояш " Барои оне ки фарзанде ашки талхи ятими нарезонад. Духтаре, ки бо сад ҷаҳон умед хонадор мешавад сиёҳбахт нагардад, бояд ки органҳои қонунбарор , қонуне қабул намоянд, то он нафароне , ки сабабгори вайрон гаштани оила мегардад , хоҳ ӯ зан аст ва ё шавҳар , хоҳ ягон узви оила бояд ҷазо бубинад. Шояд бо ин роҳ каме ҳам бошад пеши роҳи ҷудошавии оилаҳо гирифта шавад. Ин мавзӯ хеле доманадор аст. Ман таҷрибаи оиладорӣ надорам вале аз мушоҳидаҳоям , ки дар атрофам мебинам ,фикру ақидаамро баён намудам. Ба фикри ман ҳар як ҷавон бояд аввал таҳсил кунад, дар ягон ҷое кору фаъолият намояд ва баъдан оила барпо намояд, то ин ки дар оянда аз уҳдаи таъмини оилаи худ баромада тавонад ва ба қадри оилаи худ расад.


Давлатова Мавлуда, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони ҲХДТ дар н.Дӯстӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: