Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба парокандашавии оила кӣ гунаҳкор аст?

Ба парокандашавии оила кӣ гунаҳкор аст?

22-11-2018, 08:32
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Ба парокандашавии оила кӣ гунаҳкор аст?
Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таи 9 моҳи соли 2018 дар саросари кишвар дар умум 8344 ҳолати парокандашавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ин шумора дар ҳамин давраи соли 2017 ба 7503 ҳолат баробар буд.
Ҳамасола ба ин шумора парокандашаваии оилаҳо дар ҷумҳурӣ агарчӣ як ҳолати табии бавуқуъоянда ҳисобида шавад, вале дар асл як мушкилоти рӯз ва нигаронкунандаи ҷомеа маҳсуб меёбад.
Таҳлилҳо собит намудаанд, ки бекоршавии ақди никоҳ дар мамлакат бештар аз ҷониби оилаҳои ҷавон сар мезанад, ки ин ҳолатро коршиносон аз бетаҷрибагии ин қишри ҷомеа нисбат ба ҳаёти мустақилона маънидод менамоянд.
Пурзур намудани назорати ҳуҷҷатгузориҳо вобаста ба бастани ақди никоҳ, ба тасвиб расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷорӣ намудани муоинаи ҳатмии тиббии пеш аз никоҳ ва дигар чораҷӯӣ аз тадбирҳои андешидаи давлат ва Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи бекоршавии ақди икоҳ дар кишвар ва дигар мушкилоти мавҷуда дар соҳа дониста мешавад. Аммо дар баробари он ҳама тадбирҳои андешидашуда, нисбат ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, давра ба давра афшоиш ёфтани шумораи бекоршавии оилаҳо дар кишвар мушкилоти нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Таҳлилгарон бар он назаранд, ки омилҳои парокандагии оилаҳо зиёданд, вале дар бештари ҳолат дахолати пайвандони зану мард ба ҳайёти мустақилонаи онҳо, мавриди хушунат қарор гирифтани занон дар оила, ба инобат нагирифтани ҳуқуқҳои зан дар оила, дар баъзе оилаҳо ҳамчун хизматгор истифода шудани келин ва ғ- сабабгори билохира рӯ ба нестӣ овардани оилаҳо мегардад.
Аз суҳбатҳое, ки мо бо таҷрибадорони зиндагӣ ва оилаҳои парокандашуда доштем бармеяод, ки воқеан ҳам 90% оилаҳои пошхурда маҳз бо омилҳои дар боло зикршуда рӯ ба рӯ шудаанд. Агар аз зовияи дигар назар афканем нобаробарии ҳуқуқи зану мард дар оила то ба ҳол дар қисми беши олаҳои имрӯзаи ҷомеаи мо ҷой дорад, ки метавон сабагори аслии бо чунин ақида умр ба сар бурдани баъзе аз сокинонро аз паст будани шуур ва фаҳмиши замони имрӯз, инчунин ҷой доштани ақоиди хурофотӣ ва таълимоти асримиёнагӣ дар зеҳни онҳо маъниндод кард.
Зимни суҳбатҳое, ки мо бо ҷавонон доштем, баъзе аз ҳамсуҳбатони мо намехоҳанд ҳуқуқҳои зан ва мард дар оила баробар бошад, ҷавонписарон занро мутаалиқ ба мард мешуморанд. Коршиносон бошанд бар он назар ҳастанд, ки албатта нақши мард дар мустаҳкамии оила нисбат ба зан зиёдтар аст, ва дар бештари ҳолат мардон метавонад нисбат ба зан дар ҳалли муаммоҳои рӯзгор як зина ҷойи болотареро соҳибӣ намояд, аммо он иқида, ки зан бояд барои мард ва наздиконӣ ӯ ҳамчун ғулом амал намояд дар ҳама давру замон барои нафарони соҳибмаърифат қабулнопазир дониста мешуд ва донистаҳам мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар 9 моҳи соли 2018 дар саросари кишвар 57067 ҳолати барпо намоии олила ба қайд гирифта шудааст, ки мутаасифона аз ин шумора дар умум 8344 ҳолати парокандагии оилаҳо сурат гирифтааст.
Барпонамоии ақди никоҳ дар нуҳмоҳаи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд буда, аммо бекоршавии он низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Истилоҳи оила, ки дар ҳама давру замон миёни ҷомеаи башарият ҳамчун муҳимтарин ячейкаи ҷамъиятӣ дониста мешуд ва инчунин, солимии ҷомеа солимии давлат ва миллат эътироф гардидааст, ҳар як нафарро мебояд ба қадри ин неъмати пурбаҳо бирасад ва дар ин замина ба солимии ҷомеа нақи қавӣ гузошта бошад. Расидан ба қадри оила бар он маъност, ки бе шаку шубҳа ҳар нафаре, ки ба парокандагии оила майл намуд, дар интиҳо ба ҷуз пушаймонӣ дигар чизеро соҳиб нагардидааст.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: