Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешрафти ҷомеа ба солимии оила марбут аст

Пешрафти ҷомеа ба солимии оила марбут аст

14-03-2016, 10:15
Хабарро хонданд: 469 нафар
Назарҳо: 0
Пешрафти ҷомеа ба солимии оила марбут аст
Масъалаи маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ ва пойдории оила, аз ҷумлаи он проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Мутаассифона, якчанд омилҳои муассире дар ҳаёти оилавии мардуми кишвари мо арзи вуҷуд доранд, ки онҳо бе шубҳа ба фурӯпошии оилаҳо, бекор кардани ақди никоҳ ва зуҳурёбии носолимии оила мусоидат мекунанд.

Таҷрибаи рӯзгор, мушоҳидаҳо ва андешаҳо собит месозанд, ки нокифоягии маърифати ҳуқуқӣ, илмӣ ва ахлоқии қисман ҷавонон, бе фарзандӣ, бад будани шароит ва таъминоти иқтисодӣ дар оила, номуътадилии муносибатҳои оилавӣ, муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падарону модарон, ба нашъамандӣ ё майзадагӣ гирифтор шудан ё ба муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гардидани яке аз ҳамсарон издивоҷи хешовандони наздиҳукмрон будани хурофот дар оила оқибатҳои хатарноки ҳаётӣ дорад.

Омили дигари мусоидаткунандае, ки боиси пош хӯрдани оила мегардад, чӣ тавре зикр намудем, ин майзадагӣ ва нашъамандии яке аз ҳамсарон дар оила мебошад, ки оқибати онро файласуф ва табиби юнонӣ Буқрот чунин тафсир намудааст: «Пайомади майзадагӣ харобии тану ҷон ва бемории фарзандон аст».

Роҳи дурусти пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии навхонадорони ҷавон мебошад.

Дигар мушкилоти оилавӣ, ки то ба вайроншавии оила оварда мерасонад, ин таваллуди фарзандони носолим дар оила маҳсуб меёбад. Муҳимтарин роҳи пешгирии ин мушкилот аз муоинаи тиббии ҳатмии пешазникоҳӣ гузаронидани издивоҷкунандагон мебошад.

Дар зиндагии оилавӣ ҳолатҳое дучор меоянд, ки никоҳшавандагон баъди бастани ақди никоҳ дар давоми оиладорӣ ба бемориҳои вазнини душвортабобат мубтало будани ҳамсари худ огаҳӣ меёбанд.

Мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зарурияти таҳкиму солимгардонии оила дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 15, банди 3 муайян кардааст, ки агар яке аз ҳамсарон баъди оила барпо намудан ба бемориҳои душвортабобат мубтало будани ҳамсари худро донанд ё аз он огаҳӣ ёбанд метавонанд ба суд муроҷиат карда, бе эътибор донистани ақди никоҳи худро талаб намояд. Дар чунин ҳолат ақди никоҳ бо ҳалномаи суд аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш бе эътибор дониста мешавад.

Дигар масъалаи ҷиддӣ ҳангоми вайрон гардидани муносибатҳои оилавӣ бекор кардани ақди никоҳи давлатии шаҳрвандон мебошад, ки он дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси аризаи муштараки зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд ва ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд дар бораи бекор намудани ақди никоҳ, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Мавриди зикр аст, ки бекор намудани ақди никоҳи давлатӣ низ яке аз ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар принсипҳои танзими муносибатҳои оилавӣ, дар тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Дар зери назорати давлат озодона бекор кардани ақди никоҳ». Яъне, ақди никоҳ дар асоси муроҷиати ҳамсарон ё яке аз онҳо озодона, зери назорати давлат бекор карда мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳими бақайдгирии давлатии асноди холати шаҳрвандӣ, ки талаботи шаҳрвандони ноҳияи мо нисбати он айни замон зиёд аст, ин бақайдгирии давлатии асноди ивази ному насаб мебошад. Асноди ивази ному насаб дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва хоҳишу муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад ва хушбахтона аксарияти шаҳрвандон тибқи арзишҳои миллӣ ба худ ва фарзандонашон ному насаби тоҷикӣ интихоб карда истодаанд, ки он ифодагари арҷгузорию фарҳангшиносии шаҳрвандони мо нисбати анъана ва арзишҳои маънавии миллати куҳанбунёдамон мебошад.

Дар номгузорӣ дар байни мардуми тоҷик ҳангоми ноомадию нобаробариҳои паёпай дар оила, гирифтор шудан ба мушкилоти оилавӣ, аз ҷумла кулфату андӯҳ ва дигар рӯйдодҳои ногувори зиндагӣ ба тифли навзоди оила баъзан номҳои ниҳоят соддаю каммаъно ва ба қавле «хоксорона»-ро мегузоранд, ки асоси чунин номгузорӣ пеш аз ҳама ҳукмрон будани хурофот ва ё нокифоягии маърифати маънавӣ дар оила мебошад.

Барои исботи чунин номгузориҳои номуносиб мисолеро иброз менамоям. Рӯзе, ба мақомоти САҲШ духтари зебое, ки ба зеботарин номи хушсадою баландмаъно арзанда аст, муроҷиат менамояд ва хоҳиш мекунад, ки номи ӯро иваз намоянд. Масъули мақомоти САҲШ аз духтар мепурсад, ки номи шумо чист? Духтари зебо ҷавоб медиҳад. «Ман Мусибат ном дорам ва мехоҳам Муҳаббат ном дошта бошам».

Барои пешгирӣ ва барҳам додани чунин номгузориҳои номуносиб ва тибқи арзишҳои миллӣ номгузорӣ намудани фарзандон дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонӣ китоби номгузорӣ ва номномаҳо ташкил ва омода карда шуда, номҳои зебою хушсадо ва баландмаъно, ҳангоми бақайдгирии давлатии асноди таваллуд ва ивази ному насаб ба шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд ва ҳамзамон дар вохӯрию суҳбатҳо ба шаҳрвандон барои ба тарзи замонавӣ ва тибқи арзишҳои миллӣ номгузорӣ намудани худ ва фарзандонашон дастуру тавсияҳои мақсаднок дода мешаванд.

Оила созмони тарбиятгар ва хушбахтист. Оила мактаби олии ташаккули ахлоқи инсонист.
Латофат Шерова, мудири бахши САҲШ-и н. Исмоили Сомонии ш.Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: