Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Биёед биандешем Ахлоқи накӯ аз мӯд рафта?

Биёед биандешем Ахлоқи накӯ аз мӯд рафта?

21-09-2016, 11:11
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
 Биёед биандешем Ахлоқи накӯ аз мӯд рафта?

Зебоӣ зудгузар аст. Ҷавонӣ пирӣ ба дунбол дорад. Ишқ бебақост. Дӯстӣ миёни ҷинсҳо поянда нест. Муҳаббат фиребу дурӯғи бофтаи мардҳосту набояд фирефтаи он шуд. Рӯйи хушу мӯйи дилкаш амонати муваққатист, ки дар ҷавонӣ додаву баъдан гирифта мешавад. Дӯстии миёни зану мард беғараз нест. Боварӣ ба дугонаву рафиқ шояд фардо бароят мушкилоте овараду коре кунад, ки душмани кас накунад ва ғайраҳо насиҳату маслиҳатҳоеанд, ки атрофиён тули умр мудом бароямон медиҳанд.
Инсони соҳибақл мекӯшад, ки аз таҷрибаи рӯзгордидаҳо истифода созад, то камтар ба иштибоҳ роҳ диҳад. Аммо дар муносибатҳои зодаи эҳсос, ки ба ҳам монанд нестанд, чӣ тавр хато накард? Чӣ гуна аз садамаи рӯҳӣ ҷавонон худро дар канор бояд бигиранд? Чӣ кор бояд кард, то қурбонии «ишқ»-и бардурӯғе нагардӣ? Чӣ касе бояд буд, то дӯстро душман нагардонӣ? Ба кӣ бовар бояд карду ба дунболӣ чӣ бояд рафт?
Як замоне усули тарбияи дурусти хонаводагӣ метавонист духтареро аз аксари ин садамаҳо ҳимоятгар бошад. Як замоне китобҳои илмиву бадеӣ инсонҳоро метавонистанд ба роҳи дуруст ҳидоят бисозанд. Як даврае инсони тарбиятдида роҳи дурусти зиндагиро худ меёфту ҳама медонист, ки як шахси пурмутолиа ё дар оилаи зиёӣ тарбиягирифта ҳатман аз балоҳои аз тагипохезанда то андозае зери ҳимоя аст. Зеро инсонҳое буданд, ки медонистанд, роҳи дурусти зиндагӣ кадом асту ҷавоне бо ҳидоятгарии ӯ ба он роҳ рафта метавонад. Ё адабиёти тарбиявӣ неруи онро дошт, ки инсонро аз лиҳози равонӣ ба роҳи дурусту ҳаёти солим ҳидоят намояд.
Ҳама бадин бовар буданд, ки духтару писари хушахлоқу соҳибмаълумот метавонанд оилае барпо намоянд, ки умре хушбахт бимонанд. Баробари бастани ақди никоҳ ин ду нафар мутааллиқи якдигар буданд. Оре, онҳо ҳар ду ҳам танҳо ба якдигар тааллуқ доштанд. На касе ба онҳо ба диди дигар назар медухту на худи онҳо ба каси дигаре бо чашми ҳавас нигоҳ мекарданд. Онҳо аз лиҳози ҳуқуқиву равонӣ барои умре аз они ҳам буданд. Вале имрӯз меъёрҳо дигар гаштаанду қабулҳо нофаҳмо, аксаран меноланд мардум.
Барои номаш шуда шавҳаркуниву зангириҳо гӯё як амри муқаррарӣ мегардад. Духтари оилаи шинохтае тӯйи арӯсӣ барпо мекунаду ба шавҳар мебарояд. Ҳама дар ин тӯйи бодабдаба мерақсанду ба навхонадорон бахт орзу мекунанд. Ду авлоди бегона ба ҳам хеш мешаванд. Ашхоси зиёде рӯҳи болида доранду волидон хушбахтона шукри расидан ба ин рӯзи саидро мекунанд. Духтарони зиёде ба ҳавас ба арӯс менигаранду ҷавонони бисёре ба шаҳи хушбахт ҳасад мебаранд. Ҳама як андеша доранд, боз як оилаи дигар тавлид ёфт. Ба ҷуз ду кас. Ба ҷуз арӯс, ки хуб медонад, ки ин тӯй танҳо як расмиятчигии оддӣ асту барои «харидани обрӯи падару модар» нигаронида шудааст. Ва марди зандори соҳиби 2-3 фарзанде дар гӯшаи дигари шаҳр аз ҳоли дили арӯс бохабар, буда хуб медонад. шаҳи имшаба як бозичаест, дар ин мазҳакаи бофтаи ӯ ва он арӯсе, ки кайҳо хамхобааш гаштаву шараф бойдода. Ва ин мазҳака ба он хотир ба «саҳна» гузошта шудааст, ки баъди чанде онҳо боз чун ду маъшуқ вале акнун хеле озод бо ҳам бипайванданд.
Баъди соле дар ин оилаи ҷавон тифле ба дунё меояд, ки падари ҳақиқиашро танҳо арӯс медонад. Ва бо вуҷуди он ки аз ҷониби хусури мақомдор домод соҳиби хона, мошин ва мансабу ҷойи кори калон гаштааст, як рӯз арӯс аз доштани маъшуқи худ расман эълон медораду «домод- бозича»-ро аз дар берун мекунад. Марди зандор ва арӯси бешараф муносибатҳои хешро барои атрофиён то андозае ошкор месозанд. Дигар онҳо парвои он домод, волидони ҳар ду оила, авлодҳои хешгаштаву тоза душманшуда ва аз ҳама муҳим зани он марди фарзанддори «ошиқ», к и ҳаёташ чун ҳамсар сӯхтааст, мижжаашонро ҳам хам намекунад. Чаро?
Зеро хуб медонанд, ки барои мард дузанагиро касе айб намешуморад. Мард ҳамин духтарро дӯст медошт акнун вай аз они худаш гаштааст. Дигар ба атрофиён ва хоса бо зане, ки баумед барояш чанд фарзанде зодаву хидматгори падару модараш аст, коре надорад. Мардум ду-се рӯз ғайбат мекунанду паси зиндагии хеш мешаванд. Охир кадом одам бе проблема аст, ки дурру дароз шинаду мушкили инҳоро муҳокима кунад? Чаро ҷомеъа намекӯшад дар чим задании саргаҳи чунин сарчашмаҳои бадахлоқӣ масъулият бар дӯши хеш бигирад?
Ана ҳамин ҳол, эътимоди духтаронеро, ки чун зани поку беолоиши он мард. хуб тарбия ёфтаанду бегуноҳ дар зери бори вазнини дузанагӣ мондаанд, мешиканад. Ҳеҷ як духтари нозанини хуштарбия ва ҳатто духтарони сарватмандону соҳибмақомон ҳам имрӯзҳо аз чунин «тақдир» ҷойи гурез надоранд. Ва шояд ҳамин сабаб аст, ки аксаран духтари имрӯз аз маъшуқаи марди зандор будан наметарсад. Ё агар чун духтари беодоб ҳам «шӯҳрат» дошта бошад, парво намекунад. Ин масъала бисёриҳо, хоса волидони зиёдеро ба ташвиш меорад, ки минбаъд келини хушахлоқи покдоманро чӣ тавр дарёфта, арӯс кунанд?
Пас чаро ҷомеа аз худ суол намекунад, ки дигар чаро духтари хуштарбияву баодоб будан барои бисёре аз ҷавонон мӯд нест?
Ҳарчанд хуштарбиягиву покизагии ахлоқ ҳеҷ гоҳ аз мӯд набояд равад, вале духтарони имрӯз суол мегузоранд, ки оё духтари зебову покизаахлоқи имрӯз, ки эмин аз хушунати болои сараш омадани зани дуюми шӯяш нест, яъне бадахлоқии мард айб ҳисоб намешавад, бо кадом хотир хушахлоқиву ботарбиягиро афзалтар аз зиндагии озоду истифода аз хушиҳои ҷавониву зебоӣ бидонад? Пас ба кадом хотир ба ояндаи хушбахт умед бандему худро аз ишқварзӣ, дӯстӣ, кайфу сафои ҷавонӣ ва шириниҳои зиёде дар канор бигирем, - суол мегузоранд духтарон? Барои кӣ ва ба хотири чӣ хешро маҳдуд аз озодона давр рондан созем?- мепурсад духтари ҷавоне. Оё касе аз атрофиён дар мавриди зарурӣ садо баланд мекунад, ки боиси нигаҳдории обрӯву мавқеи духтари бошарафе бигардад? Оё ин фидокорӣ аз ҷониби шавҳари оянда қадр мешавад? Суолест матраҳ.
Аммо чаро ин суолҳо аксариҳоро безобита намекунад, ки воқеан ана ҳамин сабабҳо ба костагии ахлоқи ҷомеъа мебараду пеши роҳи ин корҳоро аз ҳозир нагирем, фардо дер хоҳад шуд, ҳатто агар имрӯз дер накарда бошем. Чаро ба фарзандон намеомӯзем, ки чун рӯҳи инсонро вориди ҷисмаш месозанд, рисолате барояш муқаррар мекунанд, к и бо дасту дилу домани пок ва ҳалол бизияд, то умри хеш бобаракат гардонидаву чун як инсони комилу бошараф эътироф шавад. Шояд як даврае буд, ки мардум сарсони зиндагии номуайяни хеш каме аз асл дур афтод ва ё таъсири ҷаҳонишавист, ки дигар ҳаёи шарқӣ «мӯд» нест?
Вале шарқиён, хоса тоҷикон ҳамеша чун махзани ахлоқу нигаҳдорандаи суннатҳо пазируфта шудаанд ва насли имрӯзиро мебояд давомдиҳандагони ҳамон ойини шуҳратдори хушахлоқии инсонҳо бошад, на олудаи мӯдҳои воридотӣ.
Ҳуриннисо Ализода





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: