Дар пешбурди саноати Ватанӣ бояд кӯшишҳоро бештар кард19-10-2015, 15:05
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Дар як қатор муассисаву корхонаҳои шаҳри Ваҳдат, гуруҳҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри номбурда, вохӯриҳои судмандро доир намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷир» гуруҳи тарғиботӣ вохӯрӣ бо кормандони корхонаи мазкур баргузор намуд. Зимни суханронӣ Амиршох Якубов, мудири шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар бораи пешравиҳои соҳаи саноат дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Ваҳдат сухан ронда, зикр намуд, ки бояд фаъолият дар самти саноат дар шаҳри Ваҳдат пурзур карда шавад, зеро «мо зери сиёсати ягонаи Раиси муаззами ҳизб Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда истодаем. Аз ин рӯ, дар пешбурди саноати Ватанӣ бояд кӯшишҳоро бештар кард».
©Шуъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.