
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ баҳри татбиқи супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд ва пиёда сохтани нақша-чораҷӯиҳои КИН ҲХДТ маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф ва илми ноҳия баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои умдаи он ошкор кардани нақшаи муғризонаи ҲНИТ ва баҳои дурусти воқеӣ додан ба вазъияти баамаломада дар ҷумҳурӣ мебошад. Вобаста ба рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои хунине, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахт ва атрофи он ба вуқӯъ омада, вазъи кишварро ноорому мардуми осоиштаро нигарону нороҳат кардаанд, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва иттилооту таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ Н.Отахонова баромад намуда, изҳороти прокурори генералиро ба самми умум расонид. Ҳамзамон оиди роҳбарони пасипардагӣ ва сабабгорони ин воқеаҳоро, ки мушаххас гардидаанд, зикр намуда, ҳадафу мақсадҳои нопок ва нақшаҳои зишти ин гуруҳи террористиро, ки боиси ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва халалдор гардидани суботу амнияти ҷомеа гардидаанд, шарҳ дод.
Гуруҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби зиёиён, собиқадорон, занон ва ҷавонон мебошанд, ки дар умум, оиди ин масъала қайд намуданд, дар ин роҳ бояд ягон нафар бетарафӣ зоҳир накунад, Ҳамчунин, гуфта шуд, ки агар аз ҷунин омилҳои номатлуби халалрасон ба рушди Тоҷикистон ва миллати тоҷик пайдо гардад, фавран ба мақомотҳои дахлдор барои чораҷӯй маълум намоянд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ аз тарафи Б. Қутбиддинова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ омили дигари номатлуб – ришвахӯрӣ ва пешгирии он маърӯза
Иштирокчиён дар хулоса пешниҳод намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастгирӣ карда, ҳамаро даъват ба саҳмгузорӣ ба пояи бузурги ҷомеаи навини тоҷикон намуданд.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ.