Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » COVID-19. Ба Тоҷикистон боз 460 ҳазору 350 воя ваксина ворид шуд

COVID-19. Ба Тоҷикистон боз 460 ҳазору 350 воя ваксина ворид шуд

14-12-2021, 07:43
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
COVID-19. Ба Тоҷикистон боз 460 ҳазору 350 воя ваксина ворид шуд


ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 12 декабр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон 157 ҳазору 950 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech», 302 ҳазору 400 воя ваксинаи «АстраЗенека» ва дар маҷмӯъ 460 ҳазору 350 вояи ваксина ба Тоҷикистон ворид гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ваксинаҳои мазкур бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ворид гардидаанд.

Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаҳои мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: