Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид

COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид

28-07-2021, 14:10
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории сирояти нави коронавируси COVID-19 ва сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд.

Дар маросими қабули ваксинаи мазкур муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «тибқи тавофуқи пешакӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба дастрас намудани кумакҳои башардӯстона ва таъмин намудани Тоҷикистон бо ваксина ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии нави коронавируси COVID- 19 дар навбати дуюми кумакҳои башардӯстона имрӯз 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс»-и ширкати «Sinovac»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид шуд. Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо ва тақсими ваксинаҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз имрӯз ваксинаҳои воридшуда ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста ба шумораи аҳолии мақсаднок тақсим мегарданд ва ин тақвияти маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон мебошад».

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷафаров, дар назар аст, ки ҳафтаи оянда, яъне моҳи август тавассути механизми байналмилалии COVAX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бастаҳои иловагии ваксинаи «AstraZeneca»-и истеҳсоли аврупоӣ ворид карда шаванд.

«То имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 миллион воя ваксина ворид шуда, самаранок истифода шуда истодаанд. Ҳоло талаботи аҳолии мамлакат низ ба гузаронидани ваксина зиёд шуда истодааст. Зеро ҳамагон медонанд, ки ягона роҳи пешгирӣ ва наҷот аз ин сироят- ваксинакунонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз вобаста ба шароит ва имконияти фароҳамшуда ба тамоми аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки ба муассисаҳои тиббии маҳалли истиқоматии худ муроҷиат намуда, ваксина гиранд ва худро аз беморӣ эмин нигоҳ доранд»,- афзуд Н. Ҷафаров.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 474 ҳазор нафар аҳолӣ ваксинатсия карда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: