Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » COVID-19. Ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд

COVID-19. Ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд

18-08-2021, 08:08
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0
COVID-19. Ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд

/АМИТ«Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ду марҳилаи ваксинатсияи аҳолӣ ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд. То дирӯз дар 92 нуқтаи эмгузаронӣ зиёда аз 45 ҳазору 483 нафар сокинони шаҳри Турсунзода ва кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун эм карда шуданд.

Дар ин бора роҳбари маркази саломатии шаҳри Турсунзода Шарофиддин Рустамов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 миёни аҳолӣ идома дорад.

Тавре котиби Ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода Амиршо Қобилов иброз дошт, мутахассисони ҷамоат, табибони марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ҳудуди ҷамоат барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани маъракаи ваксинатсия сафарбар гардида, миёни мардум нисбат ба фоидаи ваксина ба саломатии инсон ва пешгирии бемории COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Хушбахтона, мардум барои нигоҳдории саломатии худ ва наздиконашон талош доранд, ки ҳарчи тезтар ваксина гиранд.

Маъракаи ваксинатсия дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон низ бо маром ҷараён дорад. Ба ин шаҳру ноҳия ба қадри зарурӣ вояҳои ваксинаҳои «CoronaVaс» ва «Moderna» ворид шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳия дар ҳайати роҳбарони шуъбаю бахшҳо, нозирони минтақавии милитсия, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ташкил намуда, дар кӯчаву маҳаллаҳои серодам, бозору терминалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 32 ҳазор нафар ва дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 31 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони аз 18-сола боло бо ваксина фаро гирифта шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: