Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

10-12-2021, 07:36
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ  ОРМОНҲОИ  МИЛЛӢ
АНДЕША. Ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб аз рӯзҳои аввали ба сиёсат ворид шуданашон бо нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳои гуногунҷанбаи мардумро эътироф ва амалӣ намуда истодаанд.
ҲХДТ ҳамчун нерӯи созанда, нуктаи назар, шаклу усулҳои кору фаъолияти худро дар давраҳои муайян доир ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолият мувофиқи талаботи давру замон ва пешравии ҷомеа ҳамеша воқебинона такмил медиҳад ва бо назардошти зарурати воқеӣ ба барномаи фаъолияти худ тағйиру иловаҳо дохил намуда, онҳоро ба талаботи марҳилаиҳои нави тарақкиёти Тоҷикистон мутобиқ мегардонад.
ҲХДТ имрӯз зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки асосгузори давлати навини Тоҷикистон ба шумор мераванда, бо сиёсати дурбинонаи худ аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеа ҳамаи маъракаҳои интихоботии дар мамлакат баргузор гашта, ҷонибдории аксариятро ба даст оварда, ғолиб омад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид. ҲХДТ ба халқ такя карда ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Аз рӯзҳои аваали таъсисёбӣ ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро вазифаи авалиндараҷаи худ донист. Зеро барои халқи Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин аз ин арзишҳо дида чизи муҳимтар набуд. Аз ҳамин хотир шиори ҲХДТ барои солҳои 2015-2021 “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” эълон гардидааст. Мо ҳоло дар давраи баргузории интихоботҳои навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ қарор дорем. Боварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии ин шахси миллатпарвару ҷонфидо - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бовариву эътимоди халқ боз ҳам бештар сазовор гардида, созандагию бунёдкориро баҳри рушду шукуфоии кишвари азизамон тамоми қобилияти худро равона сохта ба қуллаҳои боз ҳам баландтари музаффарият хоҳад расид.
Муродов Раҳмон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: