Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «ТО ШӮЪЛА ЗАНАД ОИНАИ САНГИ МАЗОРАМ…». Сурудҳои Кароматуллои Қурбон дар дилу хотири мардум зиндаанд

«ТО ШӮЪЛА ЗАНАД ОИНАИ САНГИ МАЗОРАМ…». Сурудҳои Кароматуллои Қурбон дар дилу хотири мардум зиндаанд

30-11-2021, 07:26
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
«ТО ШӮЪЛА ЗАНАД ОИНАИ САНГИ МАЗОРАМ…». Сурудҳои Кароматуллои Қурбон дар дилу хотири мардум зиндаанд

Дирӯз зодрӯзи сароянда ва оҳангсози нотакрори тоҷик Кароматуллои Қурбон аст. Агар умр вафодорӣ мекард, ӯ ба синни 60 медаромад.
Ӯ 29 ноябри соли 1961 чашм ба олам кушода, Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст.
Дар давраи мактабхонию донишҷӯияш Кароматуллои Қурбон аллакай худро дар ҷодаи санъат ҳамчун ҳзунарманди асил нишон дода, дар чорабиниҳои гуногун суруд мехонд.Дар муддати ниҳоят кутоҳ байни мардум сазовори обу рӯ ва нуфузи баланд гардид Аз ин ҷост, ки баъди хатми донишкада тавонист дар оркестри эстрадии овозадори «Гулшан» ҳамчун сароянда ба кор қабул карда шавад.
Солҳои 1980-1992 осмони санъати тоҷикро ин ахтари тобон ҷило медод. Зери лаб хурду бузург таронаҳои ин булбули хушсадоро замзама мекарданд. Исми Кароматуллои Қурбон вирди забонҳову таронаҳояш зери лабҳо замзама мешуд. Ўро ҳам пиру ҳам барно эҳтиром намудаву дӯсташ медоштанд. Сарояндагони зиёде ба сабку услуби ӯ пайравӣ мекарданд. Зеро таронаҳояш дилнишин, садояш марғуладору истеъдодаш фавқуллода буд.
Кароматуллои Қурбон тавонист тӯли умри кӯтоҳаш зиёда аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд. Сурудҳои «Ватан», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Боз омадӣ, хуш омадӣ», «Лаъли лабони ман биё», «Мо омадаем, ки базм обод шавад», «Рақс бикун, ҷоно», «Ҷони ман, қурбони ман», «Эй турки камонабрӯ», «Ошиқони Варзоб», «Хайрбод», «Санги мазорам» аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоро ниҳоят шӯҳратманд кардаанд. Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд в як навъ бозгӯи зиндагиномаи худи сароянда мебошанд.
Хотирасон мешавем, ки дар саҳни Хонаи маданияти ноҳияи Рудакӣ нимпайкараи Кароматулло Қурбонов гузошта, дар шаҳри Кӯлоб соли 2004 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишгоҳи мусиқӣ ба Коллеҷи санъат табдид дода, ба он номи ин сарояндаи мумтоз гузошта шуд. 11 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зарангези ЛАТИФ,

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: