Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАДЯИ ЛУТФИ ХУДО АЗ ДАСТ РАФТ

ҲАДЯИ ЛУТФИ ХУДО АЗ ДАСТ РАФТ

23-10-2020, 09:30
Хабарро хонданд: 345 нафар
Назарҳо: 0
ҲАДЯИ ЛУТФИ ХУДО АЗ ДАСТ РАФТ
Омадан ба ин сарои кӯҳанбунёд навбат аст. Ҳар кас аз ин косаи давр бинӯшад ҷуръае. Ҳар як қадам гузорад ба ин пайраҳа боре. Лек омадани ҳар касеро рангест ва ҳолате. Яке дар зиндагӣ талош намояд танҳо баҳри худ. Вале омадани Кароматуллои Қурбон монанди нуре буд, ки дар осмони санъати тоҷик дурахшиду то ба дуриҳои дур шарора барангехт ва ин шарора тавонист пардаи зулмот бидарад. Ӯ ҳадяи лутфи Худо барои санъату миллати тоҷик буд. Банда барои навиштану васфи тафсир намудани ҳунари волояш забону даст оҷизӣ мекашад, то бигӯяму васф намоям. Ба қавли Лоиқи бузургвор:
Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг,
Қарз бошад ёдгорӣ мурдаро эҳё кунам.

Оре, айёми фасли зебои тирамоҳ буд.
Дар сарзамини нуру зиё, дар сарои моҳтобу нур, дар миёни кӯҳсорони сарбафалаккашидаву чашмасорони чун булур, дар манзили мурғони хушилҳом ва накҳати гулҳои ҳамешаҷавон Худованд навое офарид, ки ин наво ба фалак танинандоз гардид, фосилаҳоро дар макону замон паси сар ва ҳазорон дилҳоро тасхир кард. Ин навои шево муҷизаҳо ато намуд, рӯҳу ҷони ихлосмандонашро шод кард, дардҳоро даво, қалбҳоро сафо бахшид, чароғи маҳфили ёру дӯстон ва азизи маҳфилҳо шуд, ба дилу дидаи мардуми тоҷик роҳ ёфт, ба дараҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон мушарраф гардид, бо туфайли ҳунари волою нотакрори худ шуҳратёб шуд. Ин наво, навои ромишгари нотакрор Кароматуллои Қурбон буд.
Кароматуллои Қурбон дар осмони санъати мо чун барқ дурахшид, синаи абрҳои кӯҳнасароиро бардарид, ба атроф равшанӣ андохт, ба тавлидгари нуру сафову офтобу ситораҳо назар карданро омӯхт, аммо... “Хайрубодаш хайри дунёяш бишуд”:

Меравам аз кӯҳи ту бо чоҳи пурнам хайрубод,
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам хайрубод.

Кароматуллои ҷавон бо дили ҳазорон орзуи ногуфта, сурудҳои носароида, ишқи тасвир нокардаву дасти навозишу силаҳо басари фарзандонаш набурда, шоми 17 октябри соли 1992 дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби гурӯҳи мусалаҳ (сардори онҳо Абдувосит Самадов “Восит”) ваҳшиёна ба қатл расонида шуд, ки аз он ҳодиса 28 сол сипарӣ мегардад. Дар ин мавзеъи ваҳшатфизову даҳшатбод дар қотори Кароматуллои ҷавон бародари хурдии ӯ Н. Қурбонов, мусиқинавозон Ф. Низомидинов, А. Сафоев, Б. Бобоҷонов, режесёри овоз Р. Алимов, рақоса Д. Комилова, ровии базми оншаба Т. Файзуллоев, гуселкунанда С. Носиров ва соҳиби тӯй бародарон Сулаймон ва Искандар Султонов бо як тарзи ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд.
Имрӯзҳо баъзеҳо ангушти маломати кушта шудани Кароматуллои Қурбонро ба сӯйи ноҳияи Ёвон мекашад, лек қатли Кароматулло хосту иродаи мардуми ноҳияи Ёвон набуд, танҳо кори ду се тан аз разилону ваҳшисифатони ёвонӣ буд, ки дар он давраҳои бесаросомониҳо, бедавлатиҳо ба даст яроқ гирифта, ба болои мардуми бегуноҳу бечораву оҷиз зулму ситамро раво медиданд.
Барои марги Кароматуллои ғурамарг хурду бузурги ноҳияи Ёвон ашк рехт, ашки ҳасрату дилсӯзӣ, ашки дарди бедаво... Ӯ барои мо аз дида рафт, лек ҳанӯзам овозаш дар гӯш аст. Ба хотири гиромидошти хотираи ӯ кӯчаи калонтарини ноҳия ба номи Кароматуллои Қурбон номгузорӣ гаштааст.
Банда сабагори илати куштори Кароматуллои Қурбон ва дастаи ҳунарии ӯро аз беадолативу хунхориҳои наҳзатиёни хиёнатпеша мебинам, зеро ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ташкили гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадаст, фронтҳои халқӣ маҳз наҳзатиён буданд, зеро ки баъди пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ касе қасди нооромиву бесаросомониро ба ҷуз наҳзатиҳо дар Тоҷикистон надошт.
Ҳизби наҳзати исломӣ зери ниқоби “Исломи муқаддас” дар Тоҷикистон таъсис ёфта, қодир ба амалҳое гардид, ки таърихи ҶБВ, яъне Германияи фашистӣ дар ҳаққи Итиҳоди Шўравӣ накарда буд. Онҳо зери шиори исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр карданд, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ва ҳоказо. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Акнун худ қазоват кунед: чӣ хиёнате бузургтар аз ин аст, ки масири як дини поки осмониро дигар кунӣ ва онро ба манфиатҳои сиёсиву мансабталошонаи худ истифода барӣ? Ҳамин буд, ки Худованди донову ҳаким дасти иноят ба сӯяшон дароз накард ва пирӯзашон насохт.
Кушта шудани Кароматтулои Қурбон дар баробари аз байн бурдани садҳо бузургону нобиғагони миллати тоҷик як ҷузъи нақшаи наҳзатиҳои хиёнатпеша буд.
Мо ёвониҳо марги Кароматуллои нотакрорро марги наздикони худ медонему сафари ӯро аз дида ба дилҳои худ маскан додаем, зеро ки як пораи хок ба Ватан табдил шавад, зарур аст хуни нофе болояш бичакад. Лек ҳарчанд хуни ноф неву хуни бегуноҳаш болои хоки Ёвон рехтааст, боз ҳам ӯ аз мост ва фарзанди мост.

Кутаҳии умри мардони хирад беҳуда нест,
Меваҳои пухта зуд мерезанд аз шохҳо.


Воқеан ҳам, Кароматуллои Қурбон дар ҷаҳони мусиқӣ сабку услуб ва пайроҳаи худро дошт ва ин пайроҳа ӯро бипайваст ва раҳнамун сохт, то ба замири қалбҳои мардумони шеърдӯсту шерпарвар. Овози малакутии ӯ доди Худо, вале интихоби шеър аз умқи уқёнуси шеъри тоҷикӣ фурӯ рафтан ва аз ин баҳри пургавҳар ҷустани садаф ва меҳнати бурдборонаи ӯ дарак медод.
Дили ҳасос ва нозуки ӯ ҳамеша дӯстдори зиндагиву саҳна буд. Намеписандид шеъри сабукеро сароидану атрофиёнро фирефтан. Чун дар оғуши кӯҳҳои баланд ба воя расида буд, дар осмони савту суруди мусиқӣ низ, чун уқобе дар баландиҳо нишеман меҷӯст. Ҳамин баландпарвозиҳои ӯ буд, ки имрӯз овози Кароматулло меҳмони қалбҳои мардумон, меҳмони азизи ҳар хонадони тоҷик аст.



Саёҳат Абдуллозода, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии
ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: