АРҶГУЗОРИИ ДИРӮЗ – ИБРАТИ ИМРӮЗ3-07-2020, 14:17
Хабарро хонданд: 597 нафар
Назарҳо: 0
Ӯ зодаи кӯҳистон аст. Зодаи рустову табиати дилфиреби ин диёр, ки Вахшонзамин номаш мебаранд. Оре, табиати кӯҳсор аҷаб зебову ҳунаророст, ба монанди мардуми ҳунарманду фарҳангиаш дар ҷодаи санъат сеҳр меофарад. Кас аз тамошои манзараҳои дилфиребу мафтункунандааш серӣ надорад. Хусусан, ин мавзеъро фасли баҳораш чунон зебову назаррабост, ки қалам дар тасвираш оҷиз аст. Ин макони одамони ҳунарманду сеҳрофаринро табиати дилфиребу биҳиштосояшмувофиқ омадаву гӯё ҳарду бо ҳам дар ҳусну ҳунари воло баҳсмабаҳсанд. Дар оғӯши ҳамин гуна рустоҳои ин куҳандиёр, ки дар гузаштаи дур Балху Хуросонаш меномиданду лаъли Бадахшон, дар баробари мардуми ҳунарманду санъатдӯсташ қимати хешро гум накарда буд, устоди саҳна, марди зиндадил, шодравон Боймуроди Мерган чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мавсуф дар яке аз рӯзҳои даймоҳи соли 1947 дар рустои Арали ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) дар оилаи Мерган- човандоз ном паҳлавони такфонӣ таваллуд ёфта, дар ҳамин деҳа мактаби миёнаро чун толибилми намунавӣ хатм намудаву ба синни камолот мерасад. Боймурод, ки писари аввалини хонадони бобои Мерган буд, аз хурдӣ шуху эркаи хонавода ба воя мерасид. Аз ҳамон овон, ӯ аллакай аз ҳамсолону ҳамдеҳагонаш бо ҳунари худ фарқ мекард. Ҳар ашёеро меёфт, доиразанон зери лаб ҳатман сурудеро замзама мекард. Аз саҳнабозиҳои ин рустозодаи сода рафиқону дӯстонаш ба ваҷд омада, ба «ҳунар»-аш кафкӯбӣ мекарданд. Ҳамсолонаш Мирзои Мавлону Абдураззоқи Ҳалим, Отамуроди Исову Ортиқи Гурез, Шодии Афғону Фатҳуллои Абдураҳим ва хусусан, бародари ҷониаш Ғайбуллои Мерган дар ҳар як ғаму шодии Боймурод шарики доимиаш буданд. Азбаски, давраи тифливу ҷавонии Боймурод дар байни кӯҳу даштҳои зебо ва чашмаҳои мусаффо гузашта буд, дар баробари ин, рафта-рафта ба як ҷавони солору саҳназеб ба воя расид ва нисбати навгониҳои дар ҳаёт рухдода бетафовут набуд. Минбаъд низ Боймуроди Мерган дар хулқу атвори ҳамидааш он нозукиҳову зебоиҳои табиати афсункору нотакрорро таҷассум кард. Боймурод акнун ҷавони зебои саҳназеб, ки гӯё маҳз барои саҳна офарида шуда бошад, ҳаводорони санъатро шефтаи ҳунари хеш гардонда буд, вале дили ҷавону ҳассоси ӯ, ки моил ба хондану боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш буд, соли 1964 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, ба риштаи забон ва адабиёти тоҷик супорид. Ҳанӯз маззаи нони донишҷӯиро хуб начашида буд, ки ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд. Танҳо баъди адои хизмати Ватан, ба ӯ муяссар мегардад, ки ба орзуи ба таъхирафтодааш баргардад. Дар донишгоҳ ӯ акнун бо ҳамроҳии ситораи нави саҳнаи ҳаҷви тоҷик Мастибек Паллаев (Масто) ҳамсабақ буду ҳунарашро сайқал медод. Дар баробари хуб таҳсил намудан, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъол буд. ӯро, ки ҳанӯз донишҷӯи соли аввал буду дар маҳфилҳои бадеии ба қавле «кӯчагӣ»-и ҳамон солҳо мӯдшуда мунтазам баромад мекард, маъмурият роҳбари маҳфили санъаткорони ҷавони донишгоҳ таъйинаш мекунад. Акнун ба дӯши Боймуроди ҷавону ташнаи ҳунар маъсулияти баланд, роҳбарии маҳфили санъаткорони як муассисаи бонуфузи таълимии ҷумҳурӣ меистод. Барои барор гирифтану муваффақият пайдо намудани корҳои ӯ дар роҳбарӣ, албатта, ёриву дастгирии дӯстони ҳамсабақаш шарту зарур буд. Маҳз барои ҳамин, рӯзе ӯ ҳамсабақаш Мастибекро, ки санъати тақлидро ба дараҷаи аъло медонист, вохӯрда бо ӯ изҳори ақида кард: -Ҷӯраҷон, медонӣ чӣ? Акнун нав дар бало мондем. Муовини ректори донишгоҳ рафиқ Аминов маро ҷеғ зада, роҳбарии маҳфили ҳаваскорони санъати донишгоҳро супориданист. Чӣ кор кунам? Ин матлабро ҳамчун ҷӯраи ҷонӣ фақат ба ту гуфта истодаам. Канӣ, чӣ маслиҳат медиҳӣ, қабул кунам ё не? Мастибек, ки дар ҳама кор маслиҳатгари аввалини Боймурод буд, бо аломати тасдиқ розӣ будани худро баён кард. Ҳамин тавр, Боймуроди ҳанӯз таҷрибаи зиндагӣ надошта роҳбари маҳфили санъаткорони ҷавони Донишгоҳи омӯзгорӣ шуда, дар озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ баромад мекард, сазовори баҳои баланди ҳаводорони санъат мегардид. Ҳаёту таҳсил дар ин муассисаи бонуфузи ҷумҳурӣ барои Боймурод мактаби бузурги зиндагӣ гардид. Баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳи омӯзгорӣ ӯ ба ҳайси инструктори кумитаи ҳизбии ноҳияи Куйбишев (ҳоло А. Ҷомӣ) корро шурӯъ кард. Вале дили Боймуроди хушзавқ ба дигар Ҷоинб моил буд. Мехост ба соҳаи санъат гузашта, ҳунари худододашро ба мардуми диёр тақдим кунад. Ҳамин тавр ҳам шуду соли 1975 ӯро сарвари шуъбаи фарҳанги ноҳия таъйин карданд. Дар муддати зиёда аз даҳ соле, ки ӯ роҳбарии ин муассисаи ба ном вуҷуддоштаро ба уҳда дошт, шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ бо санъаткорони овозадору ҳунармандаш ном баровард. Ансамбли тарона ва рақси «Ғунча», ки аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Саида Замонова, Ғайбуллои Мерган, Сабоҳат Восиева, Саъдӣ Исматов, Хурсандмурод Сатторов, Маҳмадшариф Ҳалимов, Довудшоҳ Бобобеков, Иззатулло Тағоев, Ҳусейн Ҳалимов ва дигарон бо ташаббуси бевоситаи ӯ ташкил ёфта буд, зуд-зуд дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Армуғони ҷавонӣ» бо ҳамроҳии бародараш Ғайбуллои Мерган, «Ханда, ханда, ханда», «Бӯстон» ва ғайраҳо иштирок карда, ҳунари волои худро дар арсаи ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ мекард. Акнун, барои боз ҳам сайқал додани ҳунару маҳорати волои Боймуроди ҳунарманду ҳунарпеша ҳамаи дарҳо кушода буданд. Боре нависандаи шинохта Иноят Насриддин Боймуродро шабнишинии солинавии телевизионӣ таклиф мекунад. Ин намоишро роҳбарони ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Р. Набиев, Ғ. Паллаев, Қ. Маҳкамов, вазири фарҳанг М. Назаров ва раиси иттифоқи адибон Мӯъмин Қаноат бо шавқ тамошо карда, ба ҳунари ӯ баҳои баланд медиҳанд. Ногуфта намонад, ки он солҳо дар ҷодаи санъати тоҷик тақлидкорӣ падидаи нав буд. Баъдҳо ин намуди санъат аз тарафи ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто) инкишоф дода шуда, ба авҷи камолот мерасад. Ҳамин тавр, ӯ тавониста, ки ба Ҷиллои тобноки ҳунари фавқулодааш қалби ҳазорон бинандаву шунавандаро нурполо намояду дар миёни дурахшандатарин ситораҳои муҶаллои ҳунари овозхонӣ шуҳрати хосса пайдо кунад. Боймуроди Мерган солиёни зиёд ба сифати мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи собиқ Куйбишеву Ғозималик ва муовини директорони Муассисаи давлатии «Базморо» ва дастаҳои ҳунарии «Лола», «Гулшан» ва «Зебо» буд. Бо ҳофизи халқии Тоҷикистон, устод Абдулло Назриев дӯстии қавӣ дошту бо ҳамроҳии ӯ дар байни ҳаводорони санъати ҷумҳурӣ баромадҳо мекард. Ҳангоми мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Куйбишев будани ӯ дар ноҳия як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуда, дар маркази шаҳраки Куйбишев биноҳои нави осорхона, Кохи китоб, Кохи фарҳанги ба номи Гурез Абдураҳмонов, дастаи тарона ва рақси «Ғунча», дар деҳаҳои Ленин, Калинин ва Роҳи Ленин хонаҳои фарҳангӣ кушода шуданд. Соли 1974 ӯ барои иштироки фаъолонааш дар озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Армуғони ҷавонӣ» бо ҳамроҳии бародараш Ғайбуллои Мерган сазовори дипломи дараҷаи якум мегардад. Соли 1991 ансамбли «Ғунча»-и ноҳия дар Ҷашнвораи байналхалқӣ дар кишвари Полша соҳиби ҷоизаи «Табарчаи тиллоӣ» мегардад. Солҳои 1991-1992 низ ансамбли номбурда, дар ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Белорусия сазовори ҷоизаҳо гаштааст. Минбаъд ҳам, ҳунармандони ансамбл дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии Гурҷистону Туркманистон, Украинаву Қазоқистон ва кишварҳои Ҳиндустону Полша баромад карда, фарҳанги қадимаи диёрро ба оламиён муаррифӣ мекунанд. Вале 13 феврали соли 2002 ҳангоми сафари хизматӣ дар қатораи «Маскав-Душанбе»қалби ҳунарманд аз тапиш бозмонд. Зиндагӣ қонуну қоидаҳои нонавишта ва пастиву баландиҳои бешумореробори дигар ба ҳаводорони санъати устод Боймуроди Мерган нишон дод: Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд, Ёрони маро ягон-ягон омаду бурд. Боймуроди Мерган ҳамагӣ 55 сол умр дид, вале номи хешро дар ҷодаи санъат, бахусус, санъати ҳаҷв, ба ёдгор гузоштааст. Ҳунари волои ин санъаткори мумтоз бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Бисёр сурудҳои бо матни шоирони классики тоҷик эҷодкардаи ӯ, аз қабили «Ҷоно, ба ноз мерафт», «Ҳангоми навбаҳор», «Мавҷи дарё», «Хиёбони Шумо» ва «Чашми махмур» имрӯзҳо дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ маҳфузанд. Ҳоло фарзандони ҷигарбандаш Айнию Фаридун ва бародари мушфиқу меҳрубонаш Ғайбулло аз пайи ӯ рафта, давоми бевоситаи ҳунари Боймуроди номуроду ғурамарг мебошанд. Онҳо ҳар сол, айёми даймоҳ дар болои марқади падар ва бародари бузургворашон Боймуроди хушкком гулҳои рангоранг гузошта, арвоҳи валади хешро бо ояте аз Қуръони маҷид, бо сӯзи дилу хуни ҷигар ёд мекунанд. Дар санги мазори ӯ ин байти ҷонгудози Соиб ҳаккокӣ шудааст: Вақти он кас хуш, ки чун гул дар гулистони ҳаёт, Сар бурун оварду бар ҳоли ҷаҳон хандиду рафт. P.S. Ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ миннатдории хешро изҳор медорем, агар номи яке аз муассиса ва ё гӯшаҳои фарҳангиеро расман бо номи ин марди ҳунар зинда нигоҳ медоштанд. Зеро, ин кори хайр эътибори миллат ва давлат буда, дар пайравӣ ба ин амали нек соликони роҳи пурэътибори ҳунар бо муҳаббат ва садоқат ба халқу Ватан хидмат хоҳанд намуд. Қурбон АҲМАДЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.