Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нишасти Ҳинд бо таъкид ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ба поён расид

Нишасти Ҳинд бо таъкид ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ба поён расид

12-11-2021, 09:35
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
Нишасти Ҳинд бо таъкид ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ба поён расид


Ноябрь 11, 2021 14:31

Мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шуроҳои амнияти ҳафт кишвари минтақа дар эъломияи ниҳоии нишасти Ҳинд бар зарурати як ҳукумати ошкоро ва фарогир таъкид карданд, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст. Дар ин бора имрӯз радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба хабаргузории Shafaqna Afghanistan иттило дод.

Ҷаласаи минтақавӣ дирӯз, чоршанбе, таҳти раёсати Аҷит Дуал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон баргузор шуд, гуфта мешавад дар хабар.

Бар асоси баёнияе, ки дар ин нишаст мунташир шуд, вазъи кунунии Афғонистон, бахусус вазъи амниятӣ ва паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии он баррасӣ гардид.

Ширкаткунандагони мулоқот ба ҳифзи тамомияти арзии Афғонистон таъкид карда, ба дахолати қувваҳои хориҷӣ муқобил баромаданд.

Мушовирони амният ва котибони шӯроҳои амнияти миллӣ дар баёния гуфтаанд, ки қаламрави Афғонистон набояд барои паноҳгоҳ, омӯзиш, тарҳрезӣ ва маблағгузории ҳамагуна амалҳоии террористӣ истифода шавад.

Онҳо ҳамчунин хостори ҳамкориҳои дастаҷамъона дар муқобили таҳдиди тундгароӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа шуданд ва бар зарурати ҳукумати ошкоро ва воқеъан фарогир, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст, таъкид карданд.

Мушовирони амният ва дибирони шуроҳои амнияти ҳафт кишвар ҳамагуна ҳамзамон фаъолиятҳои террористиро қотеъона маҳкум карда, пойбандии устувори худро ба мубориза бо терроризм дар ҳама шакл ва зуҳуроташ таъйид карданд.

Дар ин ҳамоиш Русия, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ҳиндустон ширкат доштанд, аммо Чин ва Покистон даъвати Ҳиндро напазируфтанд. Тоҷикистонгро дар ҳамоиш Котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода намондагӣ кард.

Кишварҳои минтақа дар ҳоле ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид мекунанд, ки то ҳол ҳеҷ давлате ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Хотиррасон мешавем: яке аз шартҳои асосии эътирофи байналмилалии Толибон*, ки аз ҷониби СММ пешниҳод шудааст, маҳз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. Аз миёни давлатҳои минтақа Тоҷикистон аввалин шуда, ба зарурияти ташкили чунин ҳукумат таъкид карда буд. Ин даъват дар чанд моҳи охир чандин дафъа аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз ҳамоишу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ, минҷумла дар саммитҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ва дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ садо дод.

/АМИТ «Ховар»/.

_____________________
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: