Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДИ АФҒОНИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН МУРАККАБ БОҚӢ МЕМОНАД

ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДИ АФҒОНИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН МУРАККАБ БОҚӢ МЕМОНАД

11-11-2021, 08:52
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДИ АФҒОНИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН МУРАККАБ БОҚӢ МЕМОНАД
Вазъият дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон мураккаб боқӣ мемонад. Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода имрӯз зимни нишаст дар чаҳорчӯби муколамаи минтақавии Деҳлӣ оид ба масоили амният дар Афғонистон изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Sputnik.

Дар зимн, ба гуфтаи ӯ, таҳдиди террористӣ аз ҷониби Афғонистон афзоиш меёбад.

«Вазъият дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон мураккаб боқӣ монда, хатари террористӣ аз ҷониби Афғонистон афзоиш меёбад», — гуфт ӯ.

Маҳмудзода афзуд, ки ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ба вазъи низомиву сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон ислоҳоти ҷиддӣ ворид кард.

Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ба ин далел ин ҷумҳурӣ «дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ дар минтақа қарор дорад».

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳамчунин аз пешниҳоди кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон ба манзури ҷилавгирӣ аз фалокати башарӣ ёдовар шуд.

Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар шароити феълӣ зарурати сафарбар кардани талошҳои оҷили ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон омода аст имконоти логистикии худро барои расонидани ҳар гуна кумак ба кишвари ҳамсоя пешниҳод ва дар ин замина метавонад ба созмонҳои байналмилалӣ кумак кунад.

«Дар айни замон таҳти таъсири якчанд омили манфии дорои хусусияти ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба Афғонистон фалокати ҷиддии башардӯстона таҳдид мекунад ва хатари буҳрони нави муҳоҷиратӣ низ афзоиш меёбад”,-иброз дошт Маҳмудзода.

Вай афзуд, ки ба далели камбуди маводи ғизоӣ ва наздик омадани зимистон таъмини мардуми Афғонистон бо маводи мавриди ниёзи аввали муҳим аст.

Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар шароити феълӣ зарурати сафарбар кардани талошҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Деҳлии Нав таҳти раёсати мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аҷит Довал муколамаи минтақавӣ оид ба масоили амниятӣ дар Афғонистон ҷараён дорад. Дар нишаст Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доранд.

«Мулоқотҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амниятӣ оид ба масъалаҳои Афғонистон сиғаи муҳимест, ки имкон медиҳад дар сатҳи олӣ тамоми маҷмӯи мушкилоти марбут ба рушди вазъ дар Афғонистон баррасӣ ва инчунин барои муқовимат бо хатарҳое, ки аз ҳудуди Афғонистон бармеоянд, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шаванд. Умедворем, ки таҷрибаи баргузории онҳо дар оянда, аз ҷумла бо ворид кардани дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ба рӯзнома идома хоҳад ёфт”,- гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар нишасти Деҳлии Нав.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: