Толибон дар нишасти вазирон дар Эрон оид ба Афғонистон ширкат нахоҳанд кард Октябрь 25, 2021 11:0626-10-2021, 08:16
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҷунбиши радикалии «Толибон»*, ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, дар нишасти қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон иштирок намекунанд. Дар ин бора якшанбе, 24 октябр муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар девони вазирони муваққатии кишвар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки аз ҷониби толибон таъйин шудааст, хабар дод, менависад ТАСС. «Ягон намояндаи ҳукумати «Аморати исломии Афғонистон» (номи давлате, ки толибон истифода мебаранд –Тавзеҳи ТАСС) дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат нахоҳад кард», — гуфт Муҷоҳид, ки суханони ӯро шабакаи телевизионии Афғонистон Ariana News иқтибос овардааст. Ҳамзамон вай мулоқоти вазиронеро, ки дар Теҳрон барномарезӣ шудааст, «хуб» тавсиф кард. 18 октябр Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки дар нишасти ҳузурии вазирони корҳои хориҷӣ дар Теҳрон, ки қарор аст 27 октябр баргузор шавад, шаш кишвар: Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд. Тарафҳо ният доранд, ки саъю кӯшиши худро барои чӣ гуна кумак расонидан ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳамаи қавмҳо равона кунанд. Аввалин мулоқот дар ин сиға 8 сентябр ба таври онлайн баргузор шуда буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.