Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН

БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН

17-02-2021, 13:21
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
14-16 феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар раъси як ҳайат ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ» ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои АМИТ «ХОВАР» Раиси КДАМ ҶТ С. Ятимов зимни ин сафар бо Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раиси Шўрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Муовини якуми Раисиҷумҳур Амрулло Солеҳ, Раиси парлумони ин кишвар Мир Раҳмон Раҳмонӣ, Раиси Шўрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, Сардори Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигар роҳбарону намояндагони мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи амниятии ду кишвари дўст ва минтақа, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба мавзўъҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳарду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурўҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.
Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид сохтанд, ки ду мамлакати дўсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.
Ҳамчунин зимни маърузааш дар конфронс С.Ятимов масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналхалқӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардони вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот мавриди муҳокима қарор дод.
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон дар фазои дустӣ, якдигарфаҳмии комил ва самаранок сурат гирифт.


Ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ пазируфта шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои номбурда низ баррасӣ гардид.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: