Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЮНИСЕФ маоши омӯзгорони афғонро мустақиман, бидуни иштироки «Толибон», пардохт мекунад

ЮНИСЕФ маоши омӯзгорони афғонро мустақиман, бидуни иштироки «Толибон», пардохт мекунад

5-11-2021, 09:23
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
ЮНИСЕФ маоши омӯзгорони афғонро мустақиман, бидуни иштироки «Толибон», пардохт мекунад
Ноябрь 4, 2021 16:56

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) пас аз қатъи кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумати муваққатии ташкилнамудаи «Толибон»* дар Афғонистон дар бораи азми таъсиси низоми маблағгузории мустақими омӯзгорони афғон хабар дод. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 3 ноябр хабаргузории Reuters бо истинод ба изҳороти намояндаи ин фонд хабар дод.

«ЮНИСЕФ низомеро таъсис медиҳад, ки имкон фароҳам меорад, то пардохтҳои мустақим ба омӯзгорон бо канорагирӣ аз маблағе, ки тавассути мақомот мегузарад, сурат гирад»,- гуфт Жанетт Вогелаар, мудири маорифи ин созмон дар Афғонистон. Дар давраи омодагӣ ба татбиқи ин барнома бақайдгирии ҳамаи омӯзгорони мактабҳои давлатӣ оғоз мешавад. ЮНИСЕФ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки омӯзгорони афғонро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунанд.

Тавре хабаргузории Reuters зикр мекунад, низоми маориф дар Афғонистон баъди ба сари қудрат расидани «Толибон» ба буҳрон дучор шудааст. Бисёр давлатҳо ҳама гуна маблағгузории ҳукумати муваққатии радикалҳоро қатъ кардаанд. Танҳо расонидани кумакҳои башардӯстона, ин ҳам на тавассути ҳукумати “Толибон”, балки ба воситаи созмонҳои байналмилалии башардӯстона иҷозат дода мешавад. Вазъият дар соҳаи маориф нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст, аз ин рӯ ЮНИСЕФ ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти мубрам, бахусус, барои идома додани имконияти бо таълим фаро гирифтани духтарону занон дар ин кишвар фаъолона кор мебаранд

* «Толибон» – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: