Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

11-02-2026, 13:26
Хабарро хонданд: 23 нафар
Назарҳо: 0
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардида, фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Шоҳигарии Муттаҳида — King’s College London-ро дар назар дорад.

Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо имкон доранд дар самтҳои тарғиби имконияти таҳсил, мубодилаи иттилоот вобаста ба барномаҳои таълимӣ, раванди қабул ва хизматрасониҳои дастгирии донишҷӯён, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни бурсиявӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд.

Дар доираи ин ҳамкорӣ King’s College London омодагии худро барои расонидани дастгирии маъмурӣ ва машваратӣ ба донишҷӯёне, ки аз ҷониби Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил равона мегарданд, иброз намуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби донишҷӯёни болаёқати тоҷик таъкид намуд.

Зимни музокирот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои академӣ, болоравии сатҳи касбии ҷавонони тоҷик ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: