Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

11-02-2026, 13:20
Хабарро хонданд: 24 нафар
Назарҳо: 0
9 феврал дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Пеш аз барномаи консертӣ намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар доир гардид. Дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, санъати дастӣ, маҳсулоти гуногун, намоиши мусаввараю аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Зимни барномаи консертӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии давлатҳо мебошад. Ин иқдом заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.

Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли созҳои миллӣ, ансамблҳои давлатии «Зебо» ва «Парасту» дар сатҳи баланди касбӣ пешниҳод гардида, истиқболи гарму самимӣ ёфт.

Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаи фарҳангу санъат ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори ҳавасамандӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: