
ДУШАНБЕ,:- Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Вершинин гуфтааст, ки масъалаи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал бояд тибқи муқаррароти СММ ҳал шавад.
"Ин як саволи хеле душвор аст. СММ қоидаҳои хоси худро дорад, ки муайян мекунанд, чӣ касе аз кишвар расман намояндагӣ мекунад. Ин масъала ҳанӯз ҳал нашудааст", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи асосӣ ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи Афғонистон, бахусус кумакҳои башардӯстона аст.
Қаблан сухангӯи Департаменти давлатӣ ИМА гуфта буд, ки барои ҳалли масъалаи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал вақт лозим аст.
Қобили зикр аст, ки Соҳил Шоҳин, узви сиёсии "Толибон"*, намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шудааст.
24 сен – Sputnik.