ДАР АФҒОНИСТОН ГУРУСНАГИСТ. Толибон озуқаро бар ивази қувваи корӣ пешниҳод мекунанд27-10-2021, 08:01
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Октябрь 26, 2021 12:52 ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар» /. Ба 23 миллион нафар аҳолии Афғонистон беҳолӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекунад, гуфта мешавад дар пажуҳиши Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии тобеи СММ. «Агар тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, моҳи ноябр ба Афғонистон гуруснагии азим таҳдид мекунад, беш аз нисфи аҳолии кишвар, қариб 23 миллион нафар норасоии шадиди маводи озуқаро эҳсос хоҳанд кард. Ин рекорди нави ҳузнангез барои кишварест, ки ҳоло яке аз бадтарин буҳронҳои башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад», — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СММ. Муаллифони тадқиқот дар хулосаҳои худ якчанд омилҳоро ба назар гирифтаанд: хушксолӣ, низоъ, пандемия ва буҳрони иқтисодӣ. «Дар пеш- зимистони сард аст, ки бинобар он баъзе минтақаҳои Афғонистон барои созмонҳои башардӯстона дастнорас хоҳанд шуд. Ҳар нафари дуюми афғон дар вазъияте хоҳад монд, ки тибқи таснифи СММ, метавонад онро ҳамчун буҳрони дараҷаи сеюм ва ҳатто чаҳоруми хатар муайян кард. Барои таъмини маводи озуқа ва ҳифзи зиндагии мардум дахолати фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, вагарна Афғонистон ба фалокати башарӣ дучор хоҳад шуд», — омадааст дар паём. Бар асоси гузориши СММ, шумораи афроде, ки дар Афғонистон ба камбуди шадиди озуқа гирифтор шудаанд, нисбат ба баҳодиҳии охирини моҳи апрел гузаронидашуда 37 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар гурӯҳи махсуси хатар 3,2 миллион кӯдаки то синни панҷсола қарор доранд. Барномаи ҷаҳонии озуқа ва ЮНИСЕФ аввалҳои моҳи октябр ҳушдор дода буданд, ки ба як миллион кӯдак марг аз гуруснагӣ таҳдид мекунад. Агар дар гузашта асосан сокинони деҳот зарар медиданд, имрӯз мардуми шаҳр низ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Гузашта аз ин, бекории азим эҳтимол дорад, ки табақаи миёнаро фақир гардонад ва гуруснагиро боз ҳам пуршиддат кунад. 7,3 миллион нафар сокинони деҳот, ки бо зироаткорӣ ва чорводорӣ зиндагӣ мекунанд, соли чорум аст, ки аз хушксолӣ азоб мекашанд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати «Толибон»* барномаи зидди гуруснагӣ оғоз намуд, ки ба ҳазорон нафар озуқа бар ивази қувваи корӣ пешниҳод мекунад. Дар ин бора 25 октябр хабаргузории Evronews иттилоъ дод. Чунин система дар шаҳрҳои калони мамлакат ҷорӣ карда шуда, танҳо дар пойтахт- Кобул 40 ҳазор кас бо кор таъмин карда мешавад. Афғонистон аз камбизоатӣ, хушксолӣ, нарасидани неруи барқ азият мекашад, низоми иқтисодии кишвар амалан вайрон шудааст, вале дар пеш зимистони сахт истодааст. Абдулраҳмон Рашид, иҷрокунандаи вазифаи вазири кишоварзӣ мегӯяд: «Сабабҳои камбизоатӣ ва гуруснагӣ бисёранд. Якум ин — Ковид-19, ки ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад. Дуюм-хушксолӣ дар Афғонистон ва минтақа аст. Сабаби саввум, қатъи кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон ва ях бастани сармояву пули ин кишвар аз сӯи бонкҳои байналмилалӣ мебошад». _______________________ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.