Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

3-11-2021, 08:35
Хабарро хонданд: 137 нафар
Назарҳо: 0
ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ
БОХТАР. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар миззи мудаввар баргузор гардид, ки дар он ҳуқушиносони варзида, фаъолзанони касбу кори гуногун ва собиқадорони ҲХДТ бо донишҷӯдухтарон суҳбат оростанд.
Миззи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Волида Ҳакимова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, оғоз бахшида, оид ба ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва омилҳои коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо ибрози андеша намуд. Дар Миззи мудаввар ҳамчунин, Нурзода Усмоналӣ сархатиби шаҳри Бохтар, Зебуннисо Саидова, омӯзгори собиқадор ва Гулнора Мирзозода, нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ШВКД-и шаҳри Бохтар, атрофи масоили роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва риояи одобу фарҳанги оиладорӣ андешаҳои худро баён доштанд.
Баъдан, донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, вобаста ба мавзӯҳои гуногуни ҳаётӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани маърифатнокии сокинон, омилҳои пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ ва баҳсу муноқишаҳои хонаводагӣ бо меҳтарони ҳизбу меҳнат ва мутахассисони соҳаҳои марбут мубодилаи афкор намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Кумитаи Марказии ҲХДТ ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқ ва амалисозии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: