Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » "Толибон" аз натиҷаи мулоқоти Маскав изҳор доштанд, ки ҳукумати феълияшон ниҳоӣ набуда, он таҷдид хоҳад шуд

"Толибон" аз натиҷаи мулоқоти Маскав изҳор доштанд, ки ҳукумати феълияшон ниҳоӣ набуда, он таҷдид хоҳад шуд

21-10-2021, 08:18
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
 "Толибон" аз натиҷаи мулоқоти Маскав изҳор доштанд, ки ҳукумати феълияшон ниҳоӣ набуда, он таҷдид хоҳад шуд

Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири ҳукумати "Толибон" дар ҷамъбасти мулоқоти Маскав гуфт, ки ин вохӯрӣ дар фазои мусбат баргузор шуд.
"Ҳамаи кишварҳои иштирокдор таъкид намуданд, ки Афғонистон бояд кишвари амну муътадил бошад", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфти Ҳанафӣ, ки дар садри ҳайати "Толибон"* дар Маскав қарор дорад, ҳамаи кишварҳои иштирокдор муҳимияти тамосҳо бо ин гуруҳро таъкид намуданд.
Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи умури хориҷии ҳукумати "Толибон", гуфт, кишварҳои иштирокдор ҷонибдорияшонро аз бозгушоии дороиҳои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ баён доштанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки ҳукумати феълӣ дар Афғонистон ниҳоӣ набуда, он таҷдид мешавад.
Мулоқоти "формати Маскав" бо иштироки ҳайати "Толибон"*, вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, намояндаи махсуси президенти Русия Замир Кабулов, сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ва инчунин дипломатҳои кишварҳои минтақа, ки муқими Маскаванд, баргузор шуд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо дар бораи Афғонистон дар Маскав намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов ба мавзӯи эътирофи байналмилалии ҳукумати "Толибон" дахл кард.
Ин сиёсатмадор афзуд, ки дар робита ба ин масъала барои "Толибон"* "ҳеҷ муҳлат"-е муқаррар нашудааст.
Намояндаи Вазорати хориҷа қайд кард, ки Русия интизор дорад, ин гурӯҳ ваъдаҳои худ ба ҷомеаи байналмилалиро иҷро мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон" дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳукуматро нимаи моҳи август ғасб намуда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар доданд.

Sputnik
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: