Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Оё намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Маскав даъват шудаанд? Посухи Кобулов

Оё намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Маскав даъват шудаанд? Посухи Кобулов

19-10-2021, 08:16
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
Оё намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Маскав даъват шудаанд? Посухи Кобулов

ДУШАНБЕ, Русия ба ҳамоиши Маскав дар мавриди Афғонистон намояндагони Ҷабҳаи муқовимат аз Панҷшерро даъват накардааст.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Замир Кобулов хабар додааст. Ба суол дар ин маврид фиристодаи раиси ҷумҳури Русия посух додааст, ки аз танҳо "Толибон"-ро даъват намудаанд.
Инчунин мақомоти Русия даъват шудани Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешин ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии ин кишварро рад кардаанд.
Ахиран хабар дода шуд, ки Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард.
Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви комиссияи "Толибон" дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Кобул иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.
"Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили гуногуни марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.
Мулоқоти мазкур 20 октябр баргузор мешавад.

Душанбе-Sputnik
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: