
"Толибон" 33 узви ҳукуматашро эълон кард. Ҳамин тавр сарвазири Афғонистон Муҳаммад Ҳасани Охунд, муовини аввалаш Абдулғанӣ Бародар ва муовини дуюмаш Абдулсалом Ҳанафӣ таъин шуданд. Вазири корҳои хориҷӣ Амир-Хон Муттақӣ, вазири дифои Афғонистон - Мулло Яъқуб шуд. Вазири умури дохилӣ - Мулло Сироҷиддин Ҳаққонӣ, мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ сарпарасти вазорати молия, Мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанг таъйин шуд.
Ҳамчунин, Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир сарпарасти Вазорати маориф, сарпарасти Вазорати иқтисод Қори Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти Вазорати ҳаҷ ва авқоф Шайх Мавлавӣ Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти Вазорати адлия Мавлавӣ Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти Вазорати сарҳадот ва қабоил Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти Вазорати инкишоф ва деҳот Мулло Муҳаммадюнус Охундзода, сарпарасти Вазорати иршод ва амр ба маъруфу наҳй аз мукнар Шайх Муҳаммад Холид, сарпарасти Вазорати фавоиди омма Мулло Абдулманнон Умариро таъйин шуданд.