Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мақола:Мактаби ваҳдатофари Пешвои миллат

Мақола:Мактаби ваҳдатофари Пешвои миллат

28-09-2021, 08:43
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Мақола:Мактаби ваҳдатофари Пешвои миллат


Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон бо таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол мардуми сулҳпарвар, ватанпараст ва сарбаланди тоҷик-27 июн дар фазои оромӣ, сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату якпорчагӣ Рўзи Ваҳдати миллиро таҷлил намояд. Ин санаи таърихӣ воқеан дар марҳилаи нави рушди устувори давлатдории соҳибистиқлол ва миллии тоҷик саҳифаи нав гардида, барои тадбиқи раванди созандагию бунёдкорӣ заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон умеду боварии мардуми кишварро барои бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ қавӣ ва эътимодбахш намуд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, хомўш кардани оташи ҷанги бемаънии таҳмилии шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу субот, раҳоӣ аз вартаи ҳалокат, нобудии миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Ватани мо, истиқлолияти миллӣ, бартараф сохтани монеаҳои бамиёновардаи душманони дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибихтиёри тоҷикон хеле бузургу пурарзиш буда, самараи нек овард.

Миллати сарбаланди тоҷик зери сарварии хирадмандонаи фарзанди фарзона ва барўманди тоҷик Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, мутамаддин қадамҳои устувор гузошта, дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун кишвари рў ба инкишоф муаррифӣ гардид ва Пешвои миллат ҳамчун як чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ, сиёсатмадори боистеъдод ва соҳиби ақлу заковати фитрӣ маъруфу машҳур гардид.

Ваҳдати миллӣ, ки имрўз сар то сари кишвари азизи мо ҳукмфармост, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, самараи кўшишу ғайрат ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба сулҳу субот, якдилӣ, якпорчагӣ ва иттиҳоди тамоми мардуми тоҷик ва сокинони мамлакат, сарфи назар аз миллат, дину мазҳаб, баромади иҷтимоӣ, мансубият ба ин ё он ҳизбу созмон буда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа падида ва бозёфти нодир гардид.

Бояд зикр намуд, ки ваҳдат мафҳуми хеле сермаъно ва серпаҳлў буда, он дарки амиқ ва масъулияти зиёдеро такозо менамояд. Ваҳдати миллӣ танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надорад. Ваҳдат барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ ба таври яксон манфиатбахш ва азизу пурарзиш буда, бояд чун як падидаи нодир ва дастоварди умумии ҳамдилӣ, якдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, ҳамтақдирӣ, таҳаммулпазирӣ, дўстӣ ва бародарии тамоми миллату халқиятҳои Тоҷикистон фаҳмида шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ дар бораи аҳамияти сулҳи тољикон ва ваҳдати миллӣ чун гавҳари ноёб ва дастоварди нодир чунин изҳор намуданд: «Сулҳу субот ба осонӣ муяссар нагаштааст, барои расидан ба ин рўзҳои фирўз моро лозим омад, ки роҳи тўлонии ноҳамворро тай намоем, душвориҳо ва маломатҳои сангину нангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар намоем».

Имрўз дар Ироқ, Сурия, Лубнон, Афғонистон ва дигар манотиқи даргири ҷаҳон ҳазорон мардумон аз хонаву манзилашон, аз Ватан дур афтода, дар ғурбат ба хориву зорӣ, таҳқиру маломат гадоиву сарсонӣ, беморӣ гирифторанд. Вале на ҳама сарварон, сиёсатмадорони ин кишварҳо, давлатмардон ғами ин мардуми бечораву овораро мехўранд.

Барои ин кору амал қалби бузург, ҷасорат, мардӣ, заковати фитрӣ, ҳисси баланди ватандорӣ, мардумпарварӣ, нангу номус доштан лозим аст, ки ҳамаи ин хислатҳои ҳамидаро Худованди бузург ба Пешвои миллат, марди худодод Эмомалӣ Раҳмон арзонӣ доштааст.

Сулҳи тоҷикон ба ҷомеаи башарӣ исбот намуд, ки мардуми мо соҳиби ақлу заковати воло, иродаи нек буда, баҳри ҳадафҳои олӣ, ҳимояи нангу номус, шараф, ҳуввият ва манфиатҳои миллии хеш ҳамеша омода аст ва барои он мубориза мебарад.

Имрўз бисёр мардони бузурги сиёсат, сарони кишварҳои ҷаҳон, давлатмардони маъруф, олимон, шоирон ба хирад, заковат, тамкин, истеъдоди худододи сарварии Эмомалӣ Раҳмон қоил ҳастанд.

Шоири мумтози Доғистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ғамзатов дар бораи арзиш ва аҳамияти сулҳи тоҷикон ва саҳми бузурги Пешвои миллат дар расидан ба ин орзуҳои ормонӣ чунин гуфтааст: “Фақат ҷанг набошад, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷсорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан меъмори сулҳу ваҳдат, оштии миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар қалби мардум чун фарзанди фарзона ва содиқи Ватан, ваҳдатофар ба эҳтироми самимӣ ва маҳбубияти хос сазовор гаштаанд.

Ш.Шарифов, И.Ҷабборов

н.и.т., дотсентони ДДХ

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: