Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МОСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МОСТ

28-06-2018, 09:33
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МОСТ

Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» бахшида ба Рӯзи Вахдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд.
Маҷлисро ҷонишини сардухтур Ф.Икромов ифтитоҳ бахшида, ҳамаи кормандони беморхонаро ба муносибати фарорасии иди Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд.
Сипас, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нуриддин Ашуров баромад намуда, баён дошт, ки арзишмандтарин дастоварде, ки таи солҳои Истиқлолият аҳли кишвар ба он соҳиб шуд - расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст ва мардум ин санаи таърихиро бо башорати некаш гиромӣ медоранд. Ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои халқи азизи кишвар рўзи саид, фирўз, ваҳдат, нусрат, неку таърихӣ маҳсуб мегардад. Ваҳдате, ки тавассути кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилаҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад, дар Тоҷикистон барномаи азими азнавсозиҳо амалӣ мегарданд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз бо таҳкими сулҳу субот, ваҳдат дар сарзамини офтобии мо пойдор гашт, обрў ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ба ҳайси чароғи раҳнамо хизмат мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: