Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳхдт Восеъ МО ТОҶИКОН ҲЕҶ НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ

Ҳхдт Восеъ МО ТОҶИКОН ҲЕҶ НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ

17-09-2021, 11:25
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 1
Ҳхдт Восеъ  МО ТОҶИКОН ҲЕҶ НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ
Андеша: Либоси миллӣ яке аз қисматҳои асосии фарҳанг ба шумор меравад. Мо тоҷиконро ҷаҳониён ба воситаи фарҳанги бою ғаниамон ва ҷузъиётҳои он мешиносанд. Либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост, ки он таърихи дарозои ташаккули худро доро аст. Бо гузашти солҳо имрўз шаҳомату зебогии либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир гардидааст.
Аз ҳама шодиовар он аст, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Миллали Муттаҳид чакани тоҷикро аз зумраи ёдгориҳои беназири фарҳангии ҷаҳонгир эътироф кард.
Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаву зебои хеш, пеши назар меояд.
Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба бар кардани рўсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтанд. Хусусан дар тақлид ба шакли либоспўшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зимни як суханронии хеш бахшида ба Рўзи Модар чунин таъкид карда буданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.”
Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдўзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷўробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Хулоса, имрўз ҳар яки мо занону духтаронро зарур аст, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки либоси ҳеҷ як миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо воридшуда, боиси аз байн рафтани либоси зебои мо тоҷикон гардад.
Мирзоева Г, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Serzhae 9 января 2022 20:12
Друзья, я последние несколько лет вообще не смотрю ТВ Ящик!!! И считаю его Злом, так как вся информация преподносится так как нужно руководству страны. А мы это кушаем.
В последнее время все больше смотрю Ютуб и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые СМИ сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отсеивайте нежелательные, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
http://www.saubier.com/forum/member.php?u=512575
http://diskusikripto.com/member.php?u=182191
http://htcclub.pl/member.php/132243-Serzbsq
http://arabfm.net/vb/member.php?u=89536
http://nytva.org/memberlist.php?mode=viewprofile&u=314001
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: