Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ»

«Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ»

14-11-2016, 09:22
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
«Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ»
Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гимназияи технологӣ» Конференсия дар мавзуи «Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ» бо иштироки беш аз 100 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, ҷонишини директори Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб оид ба корҳои таълим Сайдалиева Гулбаҳор, Дилшоди Ҷамшед мутахассиси Шӯъбаи маънавиётӣ МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
«Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ»
Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ба сухан баромада қайд кард, ки либоси миллӣ муарифгари ҳар давлати мустақилу миллатпарвар мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ифодагари тамадуни ҳар як кишвар аст. Маҳз миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Раштонзамин, рангҳои пурҷилои куртаҳои Бадахшон ва алочаву шоҳии водии Ҳисор, ки аз рангҳои дилрабову мафтункунанда таркиб ёфтаанд мешиносанд. Дар аксу тасвирҳо, ки дар хориҷа нашр мешаванд, занони тоҷик бо атлас, шоҳӣ, адрас ва чакану гулбаст ҷилва мехӯранд.
Дар охир либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби дизайнерони ҷавони Донишкадаи мазкур омода гардидаанд, намоиш дода шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: