Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АТЛАСУ АДРАС ЯК ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

АТЛАСУ АДРАС ЯК ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

25-10-2017, 10:06
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
АТЛАСУ АДРАС ЯК ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Хуҷанд:-Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор тадбирҳои созанда андешида шуда истодааст.
Дар ин радиф баргузории фестивал-озмунҳо аз қабили «Атлас», «Чакомаи гесу», «Чакан», «Хандаи ҳусн», «Дастони тиллоӣ» маҳз фарҳанги либоспӯшии сокинонро хеле боло бардошт.
Соли равон низ ба хотири баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз санаи 03 августи соли равон таҳти рақами 342 дар тамоми ташкилоту корхонаҳо даври аввали Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2017» доир шуда истодааст. Аз ҷумла дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чунин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ин чорабинии идона донишҷўёни фаъол аз 4 факултетҳои донишкада иштирок намуданд.
Иштирокчиёни аз рўи шартҳои озмун, ки намоиши либос аз матоъҳои атласу адраси миллии истеҳсоли ватанӣ мебошад, дар бахшҳои «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва «Беҳтарин либоси бачагона» ҳунар ва малакаи хешро нишон доданд. Махсусан ба аҳли нишаст намоиши саҳнача, ки талқингари либоси миллии мо мебошад, писанд афтод. Инчунин рақсу сурудҳои миллӣ ба чорабинӣ шаҳомати хосса бахшид.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар ҷамъбасти фестивал зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад. Либоси миллии тоҷикӣ бошад, дар аксари кишварҳои шарқ ба либоси миллии халқияту миллатҳои дигар табдил ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдодони барӯманди моро таҷассум намудаанд.
Мо ҳоло дар асри 21, замони инқилобҳои илмию техникӣ ва ҷаҳонишавии тамаддунҳову давлатҳо умр ба сар мебарем. Албатта, вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва худи либоси инсонҳо низ тағйир меёбад. Вале новобаста ба ин, либоси миллӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад. Мо бояд дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа либоси миллии худро, ки муаррифгари таърих, маданияти мо аст, талқин намоем. Номбурда барои дар сатҳи баланд гузаштани чорабинии мазкур ба таъсисдиҳандагони изҳори миннатдорӣ намуда, ширкаткунандагони фаъоли Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» Ганҷинаи Шӯҳрат, Манзура Ниёзова ва Анӯша Тошхӯҷаева, ки чанде пеш дар кохии Суғдиён баргузор гардида буд, бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳамроҳ Атаева зимни баромади хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳар чи бештару беҳтар аз ҳунару фарҳанги бойи миллиамон огоҳ бошанд ва барои эҳёу рушди онҳо замина гузоранд, зеро донишкада дар самти парвариши тарроҳону чеварони чирадаст пештози ҷамъият мебошанд.
Бо ҳамин чорабинӣ анҷом пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: