Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛ

ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛ

15-09-2021, 11:14
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛ
Назари ҷавонони касбу кори гуногуни кишвар, вобаста ба ҷашни бошукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон:
ПАРВАРДАИ ИСТИҚЛОЛ
Мо, зода ва парвардаи замони истиқлол ҳастем. Ба гумони ғолиб, насли мо ҳеҷ гоҳ наметавонад дар ростои афроди бузургсол - зодагони то солҳои 80-ум, дар бораи қимати соҳибихтиёрӣ, озодӣ, давлатдорӣ ва амсоли ин андеша ронад. Чун мо насле ҳастем, ки бе ягон ранҷу машаққат худро дар садади соҳибистиқлолӣ ва давлатдорӣ дарёфтем. Мо насли ҷангу гуруснагӣ, бозиҳои сиёсӣ, манфиатҳои дохилӣ, идеологияи духўра... нестем ва ин ҳама барои мо мафҳуме беш наметобанд. Вале ин ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки мо сари мақоли “Моли беранҷ арзон аз даст меравад”, фикр кунем. Балки умқан ва фаротар андешаҳои созандаи худро савқ бахшем, дониш омўзем. Давлати худро ҳампаймону ҳамиқтидор дар ростои давлатҳои мутараққӣ ва пешсаф қарор бидиҳем. Истиқлолу озодӣ мояи ҳар нафаси осудаи мост ва воҷиби дарк аст, ки мо сари ҳамин нукта бештар тамаркуз кунем. Ин тараф тамоми дастовардҳое, ки дорем, ибтидои худро аз ҳаминҷо мегиранд. Аз ҳамин зовия гуфтан ҷоиз аст, ки 30 соли истиқлол, асосан он даврае, ки мо худро шинохтему пайи шахсияти худ равона гаштем, барои мо нафаси осуда дод, ки дар партави он мо ба кулли хостаҳои хеш расидем. Ҳар он чи орзу кардем, то ҳадди кўшиши худамон дар фазои орому осоишта ба он даст ёфтем. Боқӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдату сулҳу субот, ки решаи осоиштагию ободию озодист, тақозо мегардад, ки вазифаи ҷонии мост.
Хуршед МАВЛОНОВ,
сокини пойтахт

Сӣ қадами устувор дар соҳаи илм
30 соли сипаригашта, сӣ қадами устувор дар соҳаи илму маориф буд.
Албатта чашмони ҳар яки мо шоҳиди ин гуфтаҳост, ки ҳар рўзу ҳар соат дар таомоми гўшаву канори ҷумҳуриамон ифтитоҳи муасиссаҳои томактабиву макотибҳои миёнаву олиро мушоҳида мекунем. Ба истифода додани биноҳои соҳаи илму маориф ва таваҷҷуҳ ба рушди илму маърифат дар ҳамаи давру замон василаи расидан ба зиндагии беҳтар шинохта шуда, гузаштагони пурифтихори мо донишро “чароғи равшан” ва “қулфкушои ҳама дарҳо” донистаанд.
Овардани як мисол кофист, ки Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъулон супориши қатъӣ доданд, ки дар мавриди амалӣ намудани қарор оид ба солҳои 2020 – 2040-ро Солҳои омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизондани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд ва ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои дақиқ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурўғи маърифат» гузаронда шавад.
Ин ҳама ғамхориву дастгириҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-омўзноронро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, ҳарчи бештар дар кору пайкори хеш масъулияти баландро эҳсос намуда, барои тарбияи насли наврас ва сомибмаълумот гардонидани онҳо камари ҳиммат бубандем.
Бобозода Бахтовари Аҳмад,
Омўзгор аз ноҳияи А.Ҷомӣ

БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛ

Бо ифтихор иброз медорам, ки зодаи даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам! Ҳарчанд солҳои аввали кўдакиам ба давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, ба бахти баланди мо Худованд роҳнамову ғамхори миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳнаи сиёсат ва сари қудрат овард, ки дар муҳлати кўтоҳ оташи ҷангро хомўш кард ва мардум ба зиндагии осудаву маъмулӣ баргашт.
Ба гуфтаи волидонам, замоне, ки ман таваллуд шудам (соли 1992), ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аллакай оғоз шуда буд. Дар хонаи бобоям, ки мо он ҷо зиндагӣ мекардем, аҳли оила ба 21 нафар мерасиду аз ҳама хурди хонадон ман будам. Бо сар задани моҷаро боз 40 нафар хешовандон аз водии Вахш ҳамчун гуреза ба ноҳияи Данғара омада, дар хонаи бобогии ман чанд моҳ паноҳ бурданд. Аз нақли модарам, оила бо ҷамъи меҳмонон 61 нафар шуд, ки бисёр рўзҳои сангинро паси сар мекард. Як муддат азоби гуруснагӣ ҳам кашидем…
Хушбахтона, солҳои таҳсилам дар мактаби миёна, донишгоҳ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумоти дуюми олӣ) ба замони сулҳу субот, фаровонӣ, шароити хуби зиндагӣ рост омад. Ҳар дастоварде, ки дорам, аз баракати Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бароям фаъолият кардан ҳамчун ҷавони зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ дар нашрияи рақами 1 –уми кишвар, рўзномаи «Ҷумҳурият», ки муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, боиси ифтихор аст. Ин, дар баробари ифтихор, масъулияти маро меафзояд, то ин ки дар ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошам.
Мо – шаҳрвандони мамлакат, бояд ба қадри хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара бештар расем. Зеро вазъияти имрўзи ҷаҳон, хусусан ҳолати кунунии ҳамсоякишвари мо - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бори дигар исбот кард, ки бисёр миллатҳо ба лидери сиёсие, ба мисли Пешвои миллати мо ниёз доранд, то тавонад мардумро бо идеяи созанда муттаҳид созад ва ба сулҳу салоҳ биёрад. Танҳо иттиҳоду ҳамдилӣ метавонад моро ба фардои боз ҳам дурахшон раҳнамун созад!

Лашкар ШАРИФЗОДА,
Рўзноманигор

Бўи ҷанг рафт!
Зиндагии осоишта неъмати бебаҳосту шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мо осудагӣ дод. Осуда ки бошӣ, зиндагӣ ширин мешаваду умедҳо месабзанд. Шукр, ки дигар шеърҳои шоирони мо бўи ҷангу хун намекунад, вуҷудҳои мо ғарқи тарс не, балки ғарқи гулҳои умед аст.
Асоси пешравӣ ва комёбиҳо дар риштаи ҳунар низ, чи театр бошад ва чи синамо, ин озодӣ аст, ки хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, аҳли ҳунару фарҳанг аз ин дастоварди нодири миллӣ ба таври васеъ истифода бурда истодаанд. Ба хусус барои насли наврасу ҷавон, Истиқлолият имконият фароҳам овард, то дар андўхтани дониш, илму ҳунар ва касбу кори гуногун муваффақу пешсаф гарданд.
Ҳамчунин, бояд таъкид кунем, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушду густариши фарҳанги миллӣ биноҳои нави таълимию корӣ дар ин соҳа бунёд гардида, пояҳои санъати миллӣ устувору беҳтар ва арзишҳои хоси давлатдории тоҷикон эҳё карда шудаанд. Ин барои мо-ҳунармандони соҳаи кинову театр боиси сарфарозиву ифтихор аст.
Аъзам Розиқ,
ҳунарманд

Хушбахтии бонувон пас аз қарнҳо
Воқеан, неъмати истиқлол пеш аз ҳама, барои занону бонувони кишвар хушбахтӣ ва файзу баракат овард. Он барои бонувон воқеан, баъд аз қарнҳои тўлонӣ истиқлоли аслиро таъмин намуд.
Хушнуд аз онам, ки аз бонувони саодатманди даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳастам. Зодаи даврони соҳибистиқлолам ва ҳар дастоварду комёбии худро аз Истиқлоли Ватани азиз медонам.
Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳот бароям муяссар гашт риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо дипломи аъло хатм намуда, дар Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ва баъдан дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом фаъолият намоям.
Соли сипаригашта маҳз туфайли имконоти фароҳамомада нисбат ба занони кишвар дар шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсиламро идома дода, малака ва донишҳои касбиамро дар соҳаи хизмати давлатӣ баланд бардоштам.
Имрўз бошад, басо сарфарозу ифтихормандам, ки дар ин боргоҳи бонуфуз, ки муассисаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд – дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорам.
Зиндагии осуда, таҳсили ройгон, истиқомат дар хобгоҳҳои замонавии донишгоҳҳо, имтиёзҳои мухталиф дар ҳар самт, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳо, фаъолият дар дилхоҳ муассиса ё мақомот тариқи озмуни шаффоф - ин ҳама бо шарофати истиқлоли давлатист, ки бароям ҳамчун як зани тоҷик даст дод.
Парвина АБДУЛЛОЕВА,
корманди АИДНПҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: