Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таърих ва абадмардон тарбиятгари насли ҷавон

Таърих ва абадмардон тарбиятгари насли ҷавон

20-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 574 нафар
Назарҳо: 0
Таърих ва абадмардон тарбиятгари насли ҷавон
Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳамагуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.

Таърихи бойю кӯҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд.

Таърих гувоҳ аст, ки замони салтанати Сомониён даврони гулгулшукуфӣ ва тиллоӣ, ташаккул ёфтани миллати тоҷику эҳёи маданият, фарҳанг, иқтисодиёт ва давлатдории ин миллати шарафманд аст, ки ҳамаи ин дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва озодии чунин як давлати муқтадир имконпазир буд. Оре, фазои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ ба рушди тамоми рукнҳои давлатдорӣ, соҳаҳои мухталифи ҷамъият замина мусоид фароҳам оварда метавонад. Маҳз дар давлати соҳибихтиёр арзишҳои миллӣ, монанди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул ёфта метавонанд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо орзую омоли чандинасраи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид. 9 сентябри соли 1991 дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Эъломия қабул карда шуд, ки ин ҳуҷҷати асосӣ барои таъмини истиқлолияти кишвари азизамон гардид. Ҳамин тариқ, бори дигар баъд аз ҳазорсолаҳо миллати тоҷик соҳиби давлати хеш – Тоҷикистони соҳибистиқлол шуд. Воқеан, истиқлолият ҳастии миллат ва неъмати бебаҳои давлат аст. Истиқлолият омили асосиест, ки рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як миллату давлатро таъмин менамояд. Ҳамин аст, ки дар давраи начандон тӯлонии истиқлолият кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Тӯҳфаи арзишманди даврони истиқлолият барои миллати тоҷик, ин ба сари давлат омадани фарзанди фарзона ва барӯманд, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд қайд кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани ин марди воқеан сарсупурдаи миллат, миллати тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфта, хавфи аз байн рафтани Тоҷикистон бартараф карда шуд. Дар таъмин намудани истиқлолияти пурраи кишварамон саҳми Раиси ҷумҳур, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ ва хеле муассир мебошад. Дар фазои истиқлолият, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисодӣ, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра рӯз то рӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаанд.

Истиқлолият бозёфти нодирест, ки садсолаҳо сулҳу дӯстиро инъикос карда, дар хотири наслҳои оянда ҳамчун рӯзи нек ва тақдирсоз боқӣ мемонад. Дар ин радиф кору пайкори насле, ки ба ақлу хирад ва меҳнати софдилона асосгузори ин ҷашни муборак гардида, барои сулҳномаи тоҷикон ҷонбозиҳо намудааст, ҳеҷ гоҳ аз сафҳаи таърих зудуда нахоҳад шуд.

Дар даврони 25 соли соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар густариш ёфта, рушди босуръати иқтисодии миллӣ ба амал омад, ки сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид. Дар ин ҷода мавқеъ ва тарзи хуби роҳбарии Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва боиси ифтихор аст.

Мо ҷавонон бояд бақадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва чун гавҳараки чашм онро ҳифз намуда ва барои муаррифии Ватани азизамон Тоҷикистон дар байни кишварҳои мутараққӣ саъйю талош намоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: