Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НЕЪМАТЕ АФЗУН ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

НЕЪМАТЕ АФЗУН ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

20-08-2021, 09:47
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
НЕЪМАТЕ АФЗУН ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

Соҳибистиқлолӣ ганҷинаи беҳамтост, ки Худованд сӣ сол муқаддам ба миллати сарбаланди тоҷик ато намудааст. Воқеан Истиқлолият барои ҳар як халқу миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун неъмати бебаҳост. Маҳз инсон бо шарофати ин неъмати беназир, ки ба ҳар халқу миллат муяссар намегардад, ба қуллаҳои баланди муроди хеш расида, рушд ва ташаккул меёбад. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе доштани истиқлолияти сиёсӣ ҳеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии осудаву шоиста ба ҳар як инсон фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари комил гардонидани истиқлолияти дохилии хеш инчунин ба рушду инкишоф додани истиқлолияти хориҷӣ низ таваҷҷуҳи бештар менамояд. Тоҷикистон аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти хеш, сиёсати дарҳои бозро пеша намуд, ки ин дар устуворгардонии сиёсати хориҷии кишвар нақши барҷастаро хоҳад гузошт. Имрӯзҳо хушбахтона соҳибистиқлолии кишвари моро зиёда аз 165 давлати дунё эътироф менамояд.

Дар ҳақиқат Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Аз ҷумла, бунёди роҳҳо ҳамчун омили пайвасти манотиқи кишвар ва мамолики ба мо ҳамсоя ва дур, биноҳои замонавӣ, корхонаҳои хурду азими истеҳсолӣ, иншооти бузург ва дигар дастовардҳо самараи даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Ин ҳама аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон дошта, саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими сулҳу суботи кишвари азизамон беназир аст.

Аз ҳама муҳим, имрӯз дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост. Мо бояд аз соҳибистиқлол гаштани давлати хеш шукргузорӣ намоем. Дар шароити кунунӣ моро зарур аст, манфиати миллии худро ҳифз намоем ва истиқлолияти давлатиамонро аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир поку беолоиш нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки амнияту осудагии Ватани азизи моро ноором мегардонанд, фирефта нагарданд. Чунки меваҳои шакарвори истиқлолият – сулҳ, ваҳдат,дустиву ҳамдилӣ, якдилию якмаромӣ, оромиву суботи сиёсӣ, ки тӯли се даҳсола зина ба зина мустаҳкам гардида истодааст, ба осонӣ ба даст наомадааст. Месазад, ки имрӯз аз соҳибватан ва тоҷику тоҷикистонӣ будани хеш биболему бифахрем. Ва якдилона баҳри пойдорӣ ва боз ҳам устувории истиқлоли миллати хеш зери лаб замзама кунем:

Пояндаву ҷовидон бод, истиқлоли Тоҷикистони азиз!
Фирӯза Шерматова

Аъзои фаъоли ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: